Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нӯҳ моҳ 11 мансабдори тоҷикро аз кор рондаанд. Чаро?


Мақомоти расмӣ гуфтаанд, дар 9 моҳи гузашта 11 мансабдорро барои истифодаи нодурусти пули буҷет аз кор ронданд.

Валимат Мавлонзода, сардори раёсати таҳлил дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” гуфтааст, дар ин муддат 242 корманди дигар барои харҷи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми тафтиши муҳосиботи муассисаву корхонаҳои давлатӣ маълум кардаанд, ки бештар аз 210 миллион сомонӣ ғайриҳадафмандона ва бе риояти қоидаҳои молиявӣ харҷ шудаанд.

Дар Тоҷикистон суистифода аз маблағҳои буҷет ва ришвахорӣ дар идораҳои давлатӣ яке аз мушкилоти доғ мемонанд. Худи мақомот ҳам ин тамоюлро хатари ҷиддие ба амнияти миллӣ номидаанд, вале айни замон ба нодида гирифтани ин мушкил муттаҳам мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG