Дастаи мунтахаби Қатар дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозии гурӯҳи А шаби 20-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Ҳавр баъди маросими ифтитоҳи мусобиқа доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, дар ҷараёни намоиши рангин овозхони гурӯҳи кореягии BTS Ҷон Ҷонгук ва овозхони Қатар Фаҳад Ал-Кубайсӣ гимни расмии мусобиқаро иҷро карданд.
Барандаи маросим ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Морган Фримен буд. Амири Қатар Тамин бин Ҳамад Ал-Танӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳозирин муроҷиат намуда, меҳмононро хуш пазироӣ кард.
Ҳамчунин, дар маросими ботантана паради тилисмҳои ҳамаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баргузор шуд. Мусобиқа дар Қатар дувумин Ҷоми ҷаҳон дар Осиё ва аввалин дар Ховари Миёна мебошад.
Дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳон-2022 мунтахаби Эквадор муқобили дастаи мизбон – Қатар – хуб ҳунарнамоӣ карда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд.
Капитан ё сартими Эквадор Эннер дар дақиқаи 16-ум тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ моҳирона ба дарвозаи мизбонон ворид намуда, ҳисобро кушод. Баъди 15 дақиқа ҳуҷуми эквадориҳо бо гол анҷомид. Тӯби дуюмро Валенсия бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дуюми дидор ҳисоб тағйир наёфт.
ҚАТАР – ЭКВАДОР – 0:2
Голҳо: Эннер Валенсия, 16 – аз пеналти (0:1),
Эннер Валенсия, 31 (0:2).
Ҳайатҳои дастаҳо: ҚАТАР: Саъд Ал-Шиб, Педру Мигел, Бассам Ал-Равӣ, Буалим Хухӣ, Ҳомам Аҳмад, Абдулкарим Ҳасан, Ҳасан Ал-Ҳайдос (Муҳаммад Вад, 72), Карим Будиаф, Абдулазиз Хатим, Алмоэз Алӣ (Муҳаммад Мунтарӣ, 72), Акрам Афиф.
Сармураббӣ – Феликс Бас Санчес ЭКВАДОР: Эрнан Галиндес, Анхело Пресиадо, Феликс Торрес, Перо Инкапиэ, Первис Эступинян, Гонсало Плата, Ҷегсон Мендес, Мойсес Кайседо, Ромарио Ибарра (Ҷереми Сармиенто, 68), Микаэл Эстрада, Эннер Валенсия (Хосе Сифуэнтес, 77).
Сармураббӣ – Густаво Алфаро Сардовари бозӣ: Даниэле Орсато (Виченса, Италия)
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат мегиранд.
Ин кишвар бори аввал мизбонии Ҷоми ҷаҳонро ба зимма гирифтааст. Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи А бо дастаҳои мунтахаби Эквадор, Сенегал ва Нидерланд рақобат мекунад.
Бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд. Бори аввал дар таърихи қаҳрамонии футболи ҷаҳон мусобиқа моҳҳои ноябр – декабр доир мегардад. Ин тасмим бинобар гармии сахти тобистон дар Қатар гирифта шуда буд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 18-уми декабр доир мегардад.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-ро шаш дастаи мунтахаб намояндагӣ мекунад: Қатар (мизбон), Австралия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон.
Таркиби гурӯҳҳо:
гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;
гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;
гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);
гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;
гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;
гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;
гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;
гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар
Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:
Марҳилаи гурӯҳӣ
20 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 0:2
21 ноябр, душанбе
Гурӯҳи B. Англия – Эрон − 18:00
Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд − 21:00
Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс − 00:00
22 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ − 15:00
Гурӯҳи D. Дания – Тунис − 18:00
Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон − 21:00
Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия − 00:00
23 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия − 15:00
Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон − 18:00
Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика − 21:00
Гурӯҳи F. Белгия – Канада − 00:00
24 ноябр, панҷшанбе
Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00
Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 18:00
Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00
Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00
25 ноябр, ҷумъа
Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00
Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 18:00
Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00
Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00
26 ноябр, шанбе
Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00
Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ − 18:00
Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00
Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00
27 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика − 15:00
Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00
Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00
Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00
28 ноябр, душанбе
Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00
Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00
Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00
29 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00
Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар − 20:00
Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00
Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00
30 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00
Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00
Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00
Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 00:00
1 декабр, панҷшанбе
Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00
Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00
Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00
Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 00:00
2 декабр, ҷумъа
Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Португалия − 20:00
Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00
Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00
1/8 финал
3–6 декабр
1/4 финал
9–10 декабр
1/2 финал
13–14 декабр
Бозӣ барои ҷои 3-юм:
17 декабр
Финал
18 декабр
Гуфтугӯ