Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар CAFA-2022


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 14-сола бо пирӯзии тими мизбон – Тоҷикистон – ба поён расид.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 (U-14) бо иштироки панҷ дастаи мунтахаби наврасони минтақа - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон - рӯзҳои 11-18-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.

Ҳамагӣ даҳ бозӣ доир гардид. Тибқи дастури мусобиқа дастаҳо бо ҳамдигар дар як марҳила бозӣ карданд. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯз шуд. Футболбозони навраси тоҷик дар даври охирини мусобиқа мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 6:0 мағлуб карданд.

Қаблан мунтахаби Тоҷикистон ба дастаҳои Туркманистон (9:0), Узбекистон (4:0) ва Эрон (2:0) ғолиб шуда буд. Зимнан, бозигарони навраси тоҷик ба дарвозаи рақибонашон 21 гол зада, аз дарвозаи худ ягон тӯб сар надоданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон (U-14) бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи ғолиб бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило сарфароз гашт.

Се даста – Эрон, Узбекистон ва Афғонистон – шашимтиёзӣ гирифтанд. Аммо бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мақоми дуюм ва медалҳои нуқра насиби мунтахаби Эрон гардид, медалҳои биринҷӣ ба дастаи Узбекистон супурда шуд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Тоҷикистон, ҷоизаи вижа ба тими Афғонистон тақдим гардид. Ҳамалагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Муҳаммад Назриев

(8 гол) бо ҷоизаи беҳтарин нишонзан мукофотонида шуд. Ҷоизаи бозигари аз ҳама судманди мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 насиби Фирӯзҷон Шарипов гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 14-сола:

Даври 1-ум

Узбекистон – Туркманистон – 8:1

Эрон – Афғонистон – 0:1

Даври 2-юм

Туркманистон – Тоҷикистон – 0:9

Узбекистон – Эрон – 1:3

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 4:0

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Даври 4-ум

Афғонистон – Узбекистон – 0:1

Эрон – Тоҷикистон – 0:2

Даври 5-ум

Туркманистон – Эрон – 0:7

Тоҷикистон – Афғонистон – 6:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

4

4

0

0

21-0

12

2

Эрон

4

2

0

2

10-4

6

3

Узбекистон

4

2

0

2

10-8

6

4

Афғонистон

4

2

0

2

2-7

6

5

Туркманистон

4

0

0

4

1-25

0

XS
SM
MD
LG