Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Продюсери Манижа: Консерт дар Душанбе ҳатман барпо мешавад


Манижа, овозхони тоҷиктабори Русия рӯзи 24-уми ноябр дар Душанбе аввалин консерти ҳунарии худро барпо мекунад.

Барномаи ҳунарии бо номи “Шаҳри хуршед”, ки ишора ба исми як тарона ва ҳам зодгоҳи овозхон – шаҳри Душанбе аст, дар толори консертии “Кохи Суруш” баргузор хоҳад шуд. Дар гузашта Манижа дар бархе барномаҳои фарҳангӣ таронаҳои ҷудогонаашро иҷро карда буд.

Продюсер ва модари Манижа – Наҷиба Усмонова рӯзи 19-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “консерт ҳатман барпо мешавад”. Усмонова дар як мукотибааш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз ҳайати ҳунарии Манижа ба роҳ баробад. “Мо ҳоло ба Алмаато парвоз мекунем, баъди вай ба Тошканд ва баъд ба Душанбе”, гуфт ӯ. Қарор аст консерти Манижа дар Қазоқистон 20 ва дар Узбекистон - 21-уми ноябр барпо шавад. Рӯзи панҷшанбе, 24-уми ноябр дар Душанбе консерт хоҳад дод.

Манижа Сангин, ки соли 2021 дар шароити сахту сангин ва ҳамлаҳои густурдаи миллатгароёна дар Русия тавонист аз ин кишвар дар озмуни байналмилалии “Евровидение” намояндагӣ кунаду мақоми ифтихории сафири ҳусни нияти Комиссариати паноҳандагони СММ (UNHCR)-ро дорад, ҷанги Русия алайҳи Украинаро бо таронаи наваш “Solder” (“Сарбоз”) маҳкум кард. Дар натиҷа, мақомот дар Русия дарҳои худро ба ҳунарнамоиҳои ӯ дар консертҳои ҷамъиятӣ бастанд. Манижа гуфт, ки “садоро хомӯш карда намешавад” ва рӯ ба шабакаи YouTube ва консертҳои хориҷӣ овард.

Консерти ӯ дар Душанбе қарор буд рӯзи 9-уми октябри имсол баргузор шавад, вале, ба қавли худи овозхон, эълони сафарбарии нисбии сарбозони рус ба ҷанг дар Украина рӯзи 21-уми сентябр ба ин барномаҳои ӯ ҳам таҳрире ворид кард.

Наҷиба Усмонова гуфт, барномаи вижаи ҳунарии Манижа ба Душанбе бахшида шудааст ва аз худи Манижа иқтибос овард, ки: “Ин шаҳри хуршедӣ аст, ин шаҳрест, ки ман дар он таваллуд шудаам, шаҳре, ки ба ман ростқавливу меҳрубониро омӯхтааст”. Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.

Манижа Ҳамроева, ки ҳоло тахаллуси Сангинро гирифтааст, соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчад. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, вале баъдан бо исми худ ҳунарнамоӣ кард. Дар баробари ҳунарнамоӣ, Манижа созмони ҷамъиятии "Силсила"-ро роҳандозӣ кардааст, ки мегӯяд, ҳадафаш кӯмак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG