ФИФА, иттиҳодияҳои байналмилалии футбол, фурӯшу нушидани машруботи спиртӣ дар варзишгоҳе дар Қатар, ки Ҷоми Ҷаҳонии футбол баргузор мешавад, манъ кард.
Дар Қатар, ки ҷумҳурии исломӣ аст, нӯшидани машрубот манъ аст, вале созмондиҳандагони Ҷоми Ҷаҳонии Футбол гуфтаанд, ки фурӯши машруботи спиртӣ дар берун аз варзишгоҳ барои ҳаводорони футбол иҷоза дода мешавад.
Аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр дар Қатар 32 мунтахаби беҳтарини олам барои Ҷоми ҷаҳонии соли 2022-ум сабқат хоҳанд кард.
Тибқи ҳисобҳои тахминӣ Қатар дар давоми 12 соли гузашта барои мизбонии ин мусобиқаи муҳим беш аз 200 миллиард доллар сарф кардааст. Дастаи ғолиб 44 миллион доллар ҷоиза хоҳад гирифт. Аммо дар арафаи мусобиқа ҳомиёни ҳуқуқ ва дастандаркорони футбол изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин кишвари хурди Ховари Миёна қудрати қабули миқдори бузурги сайёҳон ва ё эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳоро ба ҷо намеорад.
Рӯзи ҷумъа мунтахаби футболи Испания вориди Қатар шуд. Сармураббии дастаи барандаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2010-ум Луис Энрике бовар дорад, ки футболбозони испанӣ нокомиҳои ду ҷоми ҷаҳонии ахирро канор гузошта, ин дафъа то бозии финалӣ мерасанд.
Бо ҳадафи тамошои ҳунарнамоии 32 дастаи беҳтарини футболи ҷаҳонӣ дар "Ҷоми ҷаҳонии Қатар 2022" рӯзона то 900 ҳавопаймо дар ду фурудгоҳи Қатар ба замин мешинад.
Маъмурияти Ҷоми ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки 5 миллиард нафар мусобиқаро тавассути телевизион ва камаш як миллиону дусад ҳазор сайёҳи хориҷӣ дар варзишгоҳҳои Қатар тамошо хоҳанд кард.
Баъзе ҳавородони футбол исрор меварзанд, ки Қатар аз ҳисоби фасод дар Иттиҳоди байналмилалии футбол-ФИФА мизбонии Ҷоми ҷаҳонро соҳиб шудааст. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки Ҷоми ҷаҳонӣ бойкот карда шавад.
Собиқ раиси ФИФА Ҷозеф Блатер ҳам интихоби Қатарро хато номидааст. Масоҳати ин кишвар ба 11-у ним ҳазор километри мураббаъ барорбар аст. То кунун чунин кишвари хурд мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол набудааст.
Мунтахаби футболи Ҳолланд тасмим гирифтааст, муҳоҷирони кориро ба тамринҳояш даъват кунад. Ба қавли сармураббии ин даста Луис Ван Ҳал, ба ин васила эҳтиром ба ҳуқуқи коргарон нишон дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол раиси феълии Иттиҳоди байналмилали футбол Ҷани Инфантино дар муроҷиаташ ба дастаҳои шарик дар мусобиқа даъват кардааст, ки таваҷҷуҳ ба футбол бошад ва дастаҳо ба баҳсои идеологиву сиёсӣ ворид нашаванд.
Гуфтугӯ