Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон биринҷ арзон ва тухм гарон шуд


Яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Арзёбӣ дар бозорҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки нарх ва ё қимати биринҷ, равғани рустанӣ дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта андаке ва то 1 дар сад арзонтар шудааст.

Дар гузориши тозаи Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ, ки мунтазам қиматҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро мушоҳида мекунад, омадааст, ки сабаби арзонтар шудани нархи биринҷу рӯған фаровонии ин маводи ғизоӣ дар бозорҳо будааст.

Айни замон қимати як кило биринҷ дар бозорҳои Тоҷикистон аз 13 то 15 сомониро ташкил медиҳад. Қимати тухм мисли ҳафтаҳои пешина 4 дар сад боло рафта ва ҳоло қимати як қуттии он то ба 47 сомонӣ мерасад. Хабари хуб барои сокинон ин аст, ки қимати бензину дигар маводи сӯхт дар 7 бозор аз 1 то 6 дар сад поин омадааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG