Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Узген ва Бишкек зидди додани "Кампиробод" ба Узбекистон


Даҳҳо сокини ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 17 ноябр дар назди бинои ҳукумати ноҳия дар эътироз ба додани обанбори "Кампиробод"-и ин кишвар ба Узбекистон ҷамъ шуданд.

Онҳо аз президент Содир Ҷабборов ва порлумони Қирғизистон даъват карданд, ки созишномаи додани обанбор ба Узбекистонро тасдиқ накунанд.

Эътирозгарон ҳамчунин даъват карданд, ки ҳамаи фаъолону сиёсатмадорони боздоштшуда дар робита ба масъалаи обанбор озод карда шаванд.

Ҳудуди 20 шаҳрванди Қирғизистон бо талабҳои ҳамсон дар боғи ба номи М. Горкийи шаҳри Бишкек ҷамъ омадаанд.

Порлумони Қирғизистон имрӯз созишномаи таъйини ҳудудҳои муайяни марзӣ бо Узбекистон ва истифодаи муштараки обанбори "Кампиробод"-ро баррасӣ мекунад. Лоиҳаи созишномаро дар порлумон раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев муаррифӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG