Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дастаҳои Тоҷикистону Русия бидуни гол хотима ёфт


Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия, ки шаби 17-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо ҳисоби баробари 0:0 ба поён расид.

Ин аввалин бозии тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия дар таърихи ҳарду даста буд. Бозӣ бо ҳузури 20 ҳазор тамошобин сурат гирифт. Ҳарчанд бозигарони рус бартарӣ доштанд, ҳисоб кушода нашуд. Футболбозони тоҷик тавонистанд, ба рақиби пурқуввати худ муқобилият нишон диҳанд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозии байнулмилалии дӯстона чунин буд:

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (капитан), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Парвизҷон Умарбоев (Меҳрубон Каримов 90+4), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алишер Ҷалилов, 58), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 77), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 90+4).

Русия: Александр Селихов (Сергей Песяков, 46, Антон Шунин, 53) , Артём Макарчук, Максим Осипенко (Арсен Захарян, 46), Даниил Хлусевич, Александр Солдатенков, Даниил Уткин, Данил Глебов (капитан), Антон Миранчук, Сергей Пиняев (Фомин, 84), Лечи Саъдуллоев (Андрей Мостовой, 79), Фёдор Чалов (Владимир Сичевой, 46).

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Русияро гурӯҳи доварон аз Узбекистон бо роҳбарии довари FIFA Илдиз Танташев ҳакамӣ карданд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Русия дар Душанбе иштирок кард.

Баъди анҷоми бозӣ Петр Сегрт аз натиҷаи он изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки ҳисоби мусовӣ бо чунин дастаи номдору пуртаҷриба барои мо пирӯзист. “Ин бозӣ барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд”, - гуфт Петр Сегрт.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин ба Душанбе омада буд. Аммо футболбозоне, ки дар Аврупо бозӣ мекунанд, яъне легионерҳо, дар ҳайати тими миллии Русия ба Душанбе наомада буданд.

“Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон чунин бозиро ташкил карданд ва моро хуб пазироӣ намуданд. Мо эҳсос кардем, ки дар инҷо ҳама чиз хеле самимӣ аст ”, - гуфт Валерий Карпин, сармураббии тими миллии Русия, дар мусоҳиба бо намояндагони ВАО.

Вале ӯ аз натиҷаи бозӣ изҳори нигаронӣ кард. «Мо муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон бад бозӣ карда, пирӯз шудем. Аммо имрӯз бо мунтахаби Тоҷикистон хубтар бозӣ кардем, вале муваффақ нашудем. Мутаассифона, дар ин бозӣ дарвозабон ва бозигари калидии мо Владимир Сичевой лат хӯрданд. Камбудиҳо ошкор шуданд, ки мо аз пайи ислоҳи онҳо мешавем», - иброз дошт Валерий Карпин.

Ба ин бозӣ мухлисони футболи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Варзишгоҳи марказии Душанбе пур аз тамошобинон буд.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат дода буданд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳамин ҳол, мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм ва мунтахабиТоҷикистон дар ҷойи 108-ум ҳастанд.

Қаблан дастаи мунтахаби Русия дар Бишкек дар бозии дӯстона мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд. Ҳамакнун мунтахаби Русия рӯзи якшанбеи 20-уми ноябр дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG