Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати созишномаи содироти гандуми Украина тамдид шуд


Вазорати зербиноии Украина хабар дод, ки созишномаи содироти гандуми ин кишвар аз бандарҳои баҳри Сиёҳ барои 120 рӯзи дигар дароз шуд.

"Ин тасмим дар Истанбул гирифта шуд. Созмони Милал ва Туркия кафили ташаббус мемонанд", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Вазири зербиноии Украина Александр Кубраков дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишта, ки "вазири дифои Туркия дар муборизаҳои ҷаҳонӣ бо буҳрони ғизоӣ боз як қадами муҳиме гузошт".

Қаблан СММ аз ширкатдорони ҷараёни содироти гандум аз Украина хоста буд, ки ин созишномаро нав ва тамдид кунанд. Муҳлати созишномае, ки барои 120 рӯз имзо шуда буд, 19-уми ноябр ба анҷом мерасад.

Рӯзи 22-юми июл Русияву Украина бо миёнаравии СММ ва Туркия барои берун кардани маҳсулоти кишоварзӣ аз соҳилҳои Одесса, Черноморск ва Южний созишнома имзо карданд ва аз он замон то кунун 9 миллиард тонна гандум ва зироат аз хоки Украина берун бароварда шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG