Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон қонуни ҳимоят аз маълумоти дурӯғро тағйир медиҳанд


Бишкек, соли 2020
Бишкек, соли 2020

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон пешниҳод кардааст, қонунро "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти нодуруст (бардурӯғ)" тағйир диҳанд.

Ба иддаои масъулони вазорат, дар қонуни ҳозира "камбудиҳо ҳастанд ва иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ монеа эҷод мекунанд".

Ташаббускорони тағйири қонун ба ин назаранд, ки даъвогар бояд далелҳоро дар бораи туҳмате, ки аз ҷониби расонаҳо, ташкилот ё шахсони алоҳида шудааст, пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, дар ҳуҷҷат нишон дода нашудааст, ки чӣ гуна аризадиҳанда бояд далелҳои маълумоти бардурӯғро пешниҳод кунад.

Қонуни ҳозираи "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти нодуруст (бардурӯғ)" дар Қирғизистон тобистони соли 2021 қабул шуд. Тибқи он, ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон метавонад, бидуни қарори додгоҳ ҳама сомонаҳоеро, ки ба назари даъвогар маълумоти нодуруст нашр кардаанд, банданд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон моҳи феврали имсол муқаррароти иҷрои ин қонунро таҳия кард. Бар асоси он, Вазорати рушди рақамии Қирғизистон шикоятҳо дар бораи нашри маълумоти дуруғро қабул, баррасӣ ва сомонаҳоро муваққатан хоҳад баст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG