Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи Умумии СММ аз Русия хост ба Украина товон бипардозад


Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 14-уми ноябр аз Русия хост, посухгӯии амалкардаҳои худ дар Украина бошад. СММ бо қабули қатъномае таъкид кард, ки Маскав бояд товони воришуда ба Украинаро бипардозад.

Ин қатънома, ки аз он 94 кишвари узви СММ ҳимоят карданд, мегӯяд, "Русия ки моҳи феврал ба кишвари ҳамсояи худ ҳамла кард, бояд паёмадҳои ҳуқуқии ҳамаи иқдомҳои нодурусти байналмилалии худро бипазирад, аз ҷумла ҷуброни зарарҳое, ки ин ҳамла дар пай доштааст".

Қатъномаи ёдшуда ба кишварҳои узв пешниҳод мекунад, ки бо ҳамкории Украина як парвандаи байналмилалӣ барои сабти далелу ҳуҷҷатҳо ва даъво бурдан зидди Русия, ташкил кунанд.

Иҷрои қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ ҳатмӣ нест, аммо вазни сиёсӣ дорад. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ қабули ин қатъномаро амре "муҳим" хондааст.

Раиси ҷумҳури Украина дар суханронии видеоии шоми душанбе гуфт, "товоне, ки Русия бояд ба хотири ончӣ анҷом додааст, бипардозад, акнун бахше аз воқеияти ҳуқуқи байналмилалӣ аст".

14 кишвари дигар, аз ҷумла Эрон, Чин ва Русия ба ин қатънома раъйи мухолиф доданд ва 73 кишвар, аз ҷумла Бразилия, Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ аз раъй додан худдорӣ карданд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ 141 кишвари узви Маҷмаи умумии СММ ҳуҷуми Русия ба Украинаро маҳкум карда буданд. Ҳамчунин 143 кишвари узв низ дар моҳи октябр иқдоми Русия дар ҷудо кардани бахшҳое аз Украина ва ҳамроҳ кардани он ба хоки худро маҳкум карданд.

Василий Набензия, сафири Русия дар СММ рӯзи душанбе пеш аз раъйгирӣ дар Маҷмаи Умумии СММ гуфт, ки нуктаҳои қатънома "аз назари қонунӣ ботил ва беэътибор" аст ва аз кишварҳо хост, ки алайҳи он раъй диҳанд. Вай сипас кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки талош мекунанд ба ҷанг дар Украина доман бизананд.

Аз сӯи дигар, сафири Бритониё дар СММ ба Маҷмаи Умумӣ гуфт, "беҳбуди шароити Украина ва бозсозии он ба ҳадафи сохтани ояндаи амн ва саодатманд барои мардуми Украина, ниёз ба як талоши байналмилалии густурда дорад".

Вай сипас таъкид кард, ки "аммо танҳо як кишвар, яъне Русия масъули хисороти воридшуда ба Украина аст ва ҳамон тавр, ки дар ин қатънома мушаххас шудааст, Русия бояд ин хисоротро ҷуброн кунад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG