Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, "Херсон аз мост", Кохи Сафед истиқбол кард


Сокинони Украина баромадани низомиёни русро аз Херсон ҷашн мегиранд.
Сокинони Украина баромадани низомиёни русро аз Херсон ҷашн мегиранд.

Кохи Сафед аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз Херсон истиқбол кард ва онро "пирӯзии фавқулода" номид.

Ҷейк Салливан, мушовири масоили амниятӣ дар ҳукумати Амрико, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, "зоҳиран, украиниҳо ҳоло ба як пирӯзии фавқулода даст ёфтанд. Маркази минтақае, ки аз сӯйи Русия ишғол шуда буд, дубора зери парчами Украина аст ва ин як рӯйдоди бузург аст".

Ин изҳороти мушовири амнияти миллии Амрико пас аз чанд соате садо дод, ки Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, "Херсон аз мост”.

Зеленский шоми 11-уми ноябр, баъди ворид шудани низомиёни украинӣ ба Херсон, вазъро дар минтақаи озодшуда аз дасти низомиёни рус шарҳ дод.

“Ин рӯзи таърихӣ аст. Мо Херсонро бармегардонем. Муҳофизони мо дар канори шаҳр қарор доранд. Аммо нерӯҳои махсус аллакай ба шаҳр даромаданд. Херсониҳо интизори ин лаҳза буданд. Онҳо ҳеч вақт аз Украина рӯй нагардондаанд,” - гуфт Зеленский.

Президенти Украина аз низомиён барои анҷоми ин амалиёт дар ҷануб изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, ҳанӯз шаҳр пурра “аз ҳузури душманон холӣ нашудааст, аммо худи сокинони Херсон аз кӯчаву хиёбонҳо рамзу нишонаҳои ишғолгаронро тоза мекунанд. Дар ҳамаи шаҳрҳое, ки омадани моро интизоранд, ҳамин рӯз хоҳад расид.”

Мақомоти Русия ахиран аз анҷоми сафарбарии низомиён ва таҷҳизоти ҳарбӣ ба соҳили чапи рӯдхонаи Днепр хабар додаанд. Ба иттилои Вазорати дифои ин кишвар, беш аз 30 ҳазор сарбози рус самти рости Херсонро тарк кардаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, сабаби берун бурдани артиши ин кишвар аз Херсонро шарҳ надода, аммо гуфтааст, Кремл ин амалро “шармовар” намедонад ва аз баргузории маросими ҳамроҳсозии ин шаҳр ва минтақаҳои дигари Украина ба қаламрави Русия пушаймон нест.

Ҳанӯз то ворид шудани нерӯҳои Украина ба Херсон, сокинони ин шаҳр бо парчамҳо ба берун баромада, раҳоии онро истиқбол кардаанд.

Херсон, дар рӯзҳои аввали ҳамлаи беасоси Русия ба Украина ишғол шуд. Русия моҳи гузашта иддао кард, ки ин минтақаро ҳам ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG