Пайвандҳои дастрасӣ

Содир Ҷабборов дар Самарқанд гуфт, баҳси марзӣ бе ҷангу даъво ҳал шавад. ВИДЕО


Самарқанд
Самарқанд
Дар нишасти Сарони Кишварҳои Туркзабон дар Самарқанд ба масъалае дахл шуд, ки бо Тоҷикистон пайванд мегирад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт, баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд. Кишвари ӯ дар мавриди таъини сарҳад бо Тоҷикистон ва Узбекистон мушкил дорад.

Нишасти сарони Созмони Кишварҳои Туркзабон рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд ба поён расид. Дар он бештар дар бораи ҳамгироӣ ва таҳкими созмон сухан гуфтанд. Баъзе аз иштирокдорон аз печида шудани вазъ дар минтақа ёд карданд ва хоҳони амнияти кишварҳои узв шуданд.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, бо ишора ба масоили марзии кишвараш бо баъзе аз ҳамсояҳо хоҳони ҳамкории наздик гардид. "Бори дигар таъкид мекунам, ки ҷониби Қирғизистон мавқеи худро вобаста ба баҳси марзӣ бо роҳи муколамаи сулҳомез ва сиёсию дипломатӣ нигоҳ медорад," – афзуд ӯ.

Қариб ду моҳ пеш ва иттифоқан дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва дар Самарқанд, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар он ҳузур доштанд, байни ду кишвар муноқишаи шадиди мусаллаҳона сар зад ва аз ду ҷониб садҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Ин бор ҳарчанд иштирокдорони нишаст ба масъалаҳои марзӣ зиёд мудохила накарданд, дурнамои амнияти кишварҳои узвро баррасӣ намуданд. Сарони кишварҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар ин самт бояд муттаҳид бошанд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки масъулони амниятии ин кишварҳо минбаъд шӯрои алоҳидаи худро ташкил хоҳанд кард.

Ба қавли Мурод Баҳодуров, мудири факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи иқтисодӣ дар Узбекистон, "созмони мазкур бар зидди ягон давлат нест. Мақсади он ҳалли мушкилиҳост. Агар дар мавриди мушкилоти марзӣ ба ягон хулоса оянд ҳам, фикр намекунам, ки ба Тоҷикистон фишор биоранд."

Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст. Ҳарду ҷониб бар асоси харитаҳои гуногун ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд ва ҳамвора якдигарро ба шурӯи ҷанҷолу ҳамлаҳои мусаллаҳона гунаҳкор мекунанд.

Коршиносон тақрибан ду сол боз баста мондани гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро аз мушкилоти умдаи рӯз медонанд. Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи охири моҳи апрели соли 2021 ду ҷониб дарҳояшонро ба рӯйи ҳамдигар бастанд.

Рустам Хуррамов, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии Узбекистон, гуфт, "барқарор кардани рушди иқтисодӣ ва додугирифт байни Тоҷикистону Қирғизистон барои минтақа бисёр муҳим аст. Барои Узбекистон муҳим аст, ки ҳавзаи иқтисодии Осиёи Марказӣ хуб рушд кунад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баҳси марз дар нишасте бе ҳузури Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Нишасти сарони Созмони Кишварҳои Туркзабони аз иттиҳодияи камтаринест, ки дар он Тоҷикистону Русия иштирок намекунанд.

Тоҷикистон бо ду кишвари узви Созмони Кишварҳои Туркзабон - Узбекистону Қирғизистон марзи муштарак дорад. Дар кишвар дувумин қавмияти сераҳолитарин баъди тоҷикҳо туркзабонон ҳастанд. Рӯшан нест, созмон сирф бар пояи забон хоҳад монд ё Тоҷикистон низ ба он даъват карда хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG