Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украина "дигар шудааст"? ВИДЕО


Украина
Украина
Бо гузашти зиёда аз ҳашт моҳ аз ҳамлаи Русия ба Украина, ки аз ду тараф ҳазорҳо кушта бар ҷой гузошт, назари бахше аз сокинони Тоҷикистон ба ин ҷанг тағйир ёфтааст. Акнун дар суҳбатҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ пуштибонӣ аз Русия, мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик, камтар ба мушоҳида мерасад. Дар айни замон матбуоти расмии Тоҷикистон дар бораи ҷанг “хомӯшӣ” ихтиёр карда, сокинон зери таблиғоти густардаи шабакаҳои Русия ҳастанд.

Таҳлилгари тоҷик, Абдумалик Қодиров, мегӯяд, мавқеъгириҳо дар ҳоли тағйиранд. “Агар дар аввал назари мардуми тоҷик ин буд, ки Русия ҳақ аст ва кори дуруст мекунад, имрӯз мегӯянд, кори хуб нашуд. Мухолифи шадиди ҷанг набошанд ҳам, зидди кушторҳо ҳастанд,” – афзуд ӯ.

Ба қавли Қодиров, тағйир дар ҳоле пеш омадааст, ки дар ҷанги Украина теъдоде аз тоҷикистониҳо низ қурбон шуданд. Ҳамчунин, қарори басеҷсозӣ ё “мобилизатсия” тоҷикони муқими Русия ва хонаводаҳоро дар Тоҷикистон нигарон кард.

Ба мушоҳидаи Абдумалик Қодиров, бетарафии мақомоти Тоҷикистон низ сабаб шудааст, ки “тақрибан сеяки тарафдорони Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ тағйири назар кунанд”. Ба бовари Музаффар Олимов, яке аз масъулони маркази таҳлилии “Шарқ” дар Душанбе, “ин ҳама иттилоъ нисбист”, чун ба гуфтааш, “марказҳои таҳлилӣ дар ин робита назарпурсӣ анҷом надодаанд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Пуштибонии тоҷикон аз ҷанги Русия дар Украина коҳиш ёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Дар ҳамин ҳол, матбуоти Тоҷикистон, бахусус матбуоти давлатӣ, дар мавриди ҷанги Русия дар Украина сукут ихтиёр кардаанд. Хабаргузории расмии “Ховар” аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ба ҷуз аз чанд иттилои вобаста ба сафорат ва кӯчондани мардум гузорише дигаре надодааст.

Дар посух ба ин суол, ки чаро расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҷанги Русияро дар Украина бозтоб намедиҳанд, таҳлилгар Набӣ Юсуфов гуфт, мавқеи расмии ҳукумат дар ин масъала бетарафист.

“Қазоқистону Узбекистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад надоранд. Ин дарди саре, ки мо дорем ва таҳдиде, ки ба мо ҳаст, он кишварҳо надоранд. Бар илова, Тоҷикистон монанди онҳо нафту газ надорад, ки каме мустақилтар баромад кунаду мустақилтар гап занад. Барои ҳамин, фикр мекунам, ин ҷо мавқеи давлати мо хуб аст,” – шарҳ дод ӯ.

Ҳарчанд дар матбуоти мустақил аҳёнан аз ин ҷанг ёд мешавад, аксарият ба хомӯшӣ бартарӣ медиҳанд. Баҳона ё далел ин аст, ки нохоста ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия осеб расонида нашавад.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, мегӯяд, “ба ман 10 оилаи ҳамсояи худатонро номбар кунед, ки зиндагиашон ба Русия вобаста нест. Зиндагии ҳар даҳумин оила ё ҳар панҷумин оила аз будубоши муҳоҷирон дар Русия вобаста аст. Аз ин рӯ, онҳо на назарашонро мегӯянд, на аслан назар доранд дар ин масъала. Беҳтар аст, ки онҳо хомӯш бошанд.”

Дар рӯзҳои нахустини ҳамлаи беасоси Русия ба Украина, Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе назари мардумро дар ин бора пурсид. Он замон бештаре аз пурсидашудагон аз иқдоми Маскав пуштибонӣ карда буданд. Рӯзи 9-уми ноябр чанде аз русҳое, ки аз басеҷ дар кишвари худ гурехтаанд, аз суҳбат парҳез карданд. Баъзе аз сокинони Душанбе хоҳони қатъи зудтари ҷанг шуданд.

Яке аз роҳгузарон гуфт: “Хайр, ҷанг тамом шавад, беҳтар аст. Зимистон дар пеш, барои халқ азоб. Муҳоҷирони мо рафтаанд, азоб мекашанд. Гаронӣ аст. Ҷанг шуд, файзу баракат гум мешавад.”

“Ака, як чиз бигӯям? Мо шаҳрвандем, ба ин хел чизҳо кор надорем,” – афзуд дигаре.

Марказҳои омӯзиши афкори ҷомеа низ аз ин мавзуъ парҳез мекунанд. Мегӯянд, ҳам сиёсист, ҳам ҷангӣ ва ҳам марбут ба Русия. Вале орзуи тезтар тамом шудани ҷанг худ баёнгари мавзеъгирии бисёре аз сокинони Тоҷикистон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG