Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як наврас дар Қуқанд. "Дар баданаш изи шиканҷа ошкор шуд"


Рӯзи 16-уми октябри имсол дар Маркази мутобиқсозӣ ва барқароргардонии наврасон дар шаҳри Қуқанди Узбекистон навраси 15-сола Равшанбек Абдусатторов фавтид.

Равшанбекро маъмурони пулис ба гумони дуздии як шиша нӯшобаи Flash ва чаҳор дона қурут, ки арзиши умумии ҳамаи он 16 ҳазору 700 сум - муодили тақрибан 17 сомониро ташкил медод, боздошту бозпурсӣ карданд.

Рӯзи 16-уми октябр ӯро ба Маркази мутобиқсозӣ ва барқароргардонии наврасон фиристоданд.

Равшанбек Абдусатторов 19-уми ноябри соли 2007 таваллуд шудааст. Баъди ҷудошавии волидон дар манзили тағояш мезист. Баъд аз марг ҷасади ӯро ду рӯз ба наздиконаш надоданд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, вазъи сиҳатии Равшанбек Абдусатторов рӯзи 17-уми октябр бад шуда, дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон додааст.

Фарзияе мавҷуд аст, ки шаби 16 ба 17-уми октябр Абдусатторовро задаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG