Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди шаҳрвандии Узбекистон ба ивази $1 млн. сармоягузорӣ


Ин тасмим дар ҳоле садо дод, ки омадани шаҳрвандони Русия ба киҳварҳои Осиёи Марказӣ афзудааст
Ин тасмим дар ҳоле садо дод, ки омадани шаҳрвандони Русия ба киҳварҳои Осиёи Марказӣ афзудааст

Дар Узбекистон мехоҳанд, ба ҳар хориҷие, ки ба иқтисоди ин кишвар 1 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад, шаҳрвандӣ пешниҳод кунанд.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Узбекистон" ба баррасии умум гузошта шудааст.

Мақомоти Узбекистон интизор доранд, ки тағйиру иловаҳо ба ҷалби сармояи бештар ва афзоиши нуфузи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар сурати қабули қонун, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, бар ивази сармоягузорӣ ба маблағи на камтар аз 1 миллион доллар шаҳрвандии Узбекистонро дарёфт кунанд.

Дар охири моҳи октябри имсол Қазоқистон ҳам эълон кард, ки омода аст ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи иқомат пешниҳод кунад. Ба шарте ки агар онҳо ба иқтисоди Қазқистон на камтар аз 300 ҳазор доллар маблағгузорӣ карда бошанд.

Ин тасмими ду кишвари дорои иқтисоди пешрафта дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле садо дод, ки омадани шаҳрвандони Русия ба ин кишварҳо афзудааст. Баъди эълони "мобилизатсия" садҳо шаҳрванди Русия аз ин кишвар гурехта, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳ бурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG