Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорон беш аз $1 миллионро дар "казино" бохтаанд. Пул аз куҷост?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мансабдорони Қазоқистон беш аз як миллион долларро дар қимор ё казино бохтаанд. Ин пул, ки аз маошу даромади кормандони давлатӣ бештар аст, дар ҷомеаи он кишвар мавҷи танқидҳоро ба бор овард. Гунаҳгорон ҳамоно беҷазо ва ин суол беҷавоб мондааст, ки онҳо аз куҷо барои бозӣ ин қадар пул меёбанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон санаде аз даст ба даст мегардад, ки иштироки мансабдоронро бо пули калон дар қиморбозӣ ошкор мекунад. Дар ин санад, ки бо имзои додситонии вилояти Алмато, Берик Адамов, ба шабакаҳо роҳ ёфтааст, номи мақомоте оварда шудааст, ки кормандонаш дар қиморхона ё казино вақтхушӣ мекунанд.

Бохти мансабдорон дар бозии қимор зиёдтар аз маошу даромадашон будааст. Онҳо дар ин бозӣ беш аз ним миллиард танга мегузоштаанд. Дар миёни дӯстдорони қимор, кормандони мақомоти интизомӣ, додгоҳҳо, Вазорати дифоъ ва Оҷонси зидди фасод низ ҳастанд.

Журналисти қазоқ, Михаил Козачков, дар Телеграм навиштааст: "Ҳолати пешомадаро набояд нодида гирифт ва зарур аст, ки ҳар як ниҳоди масъули давлат, сарчашмаи дастрасӣ ба маблағҳоеро, ки хидматчиёни давлатӣ дар қиморбозӣ сарф кардаанд, таҳқиқ ва муайян кунанд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Баъзе мансабдорони қазоқ барои ором намудани асабашон қиморбозӣ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Мақомот чӣ мегӯянд?

Дурустии ин санадро дар Додситонии Қазоқистон тасдиқ карданд. Мақомоти ин ниҳоди назоратӣ мегӯянд, сиёсати кадрӣ дар интихоби хидматчиёни давлатӣ ба тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад.

Нашри санад дар бораи қиморбозии мансабдорон ба мавҷи изҳоротҳои расмии идораҳои давлатӣ рӯ ба рӯ шуд. Бо нашри вокуниш ин идораҳо маҷбур буданд, кормандони худро сафед кунанд.

Елдос Жумаксанов, намояндаи расмии Додгоҳи олии Қазоқистон, дар баёнияе навишт: "Дар бораи додрасҳо. Яке аз онҳо соли 2020 бо далелҳои дигар аз кор ронда шуда буд. Қарор шуд, ки додраси дуюм ҳам бо сабабҳои дигар аз вазифа озод карда шавад. Додраси сеюм соли 2021 бо машварати Комиссия оид ба адолати судӣ аз додгоҳи шаҳри Алмато ба як додгоҳи ноҳиявӣ ва бо масъулияти камтар фиристода шавад."

Дар пайи изҳороти Додгоҳи олӣ, Оҷонси зидди фасод ҳам вокуниш кард.

"Тафтиш муайян кард, ки яке аз шахсони зикршуда корманди собиқи Оҷонси зидди фасод аст. Ӯ дар як мнтақаи дигар кор мекард. Ҳангоми бозӣ дар қиморхона дар як созмони шахсӣ кор мекард. Ҳолати дуюми ҳузури корманди ин ниҳод дар казино ба гузаронидани чорабиниҳои расмии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста аст," – омадааст дар изҳороти расмӣ.

Мақомоти дигари давлатии Қазоқистон ҳам, ки номашон ба қимрбозӣ баромадааст, талош карданд, кормандони худро "сафед" кунанд. Бархе гӯё ба ин ниҳодҳо рабт надоранд, барои бархеи дигар гуё ҷазои интизомӣ пешбинӣ мешавад ва гурӯҳе ҳам аслан дар ин корхонаҳо “кор накардаанд”.

Оҷонси хадамоти давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ваъда доданд, ки ҳодисаро таҳқиқ ва муайян мекунанд, ки кормандони онҳо пулро барои вақтхушӣ аз куҷо ёфтанд. На ҳама дар идораҳои давлатӣ зидди қиморбозии ҳамкорони худ ҳастанд.

Алибек Куантиров, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "хайр, мумкин аст, онҳо пасандозҳои худро харҷ мекунанд. Агар шахс муътод ё ба чизе вобаста бошад, табиист, ки дар баробари пулу даромади худ роҳҳои дигари пулкоркуниро меёбад ё қарз мегирад."

Василаи вақтхушӣ ё мушкили равонӣ?

Равоншинос, Айдос Иброҳим, чанд сол боз бо афроде кор мебарад, ки шефта ва гирифтори қиморанд. Дар миёни муштариёни ӯ баъзе мансабдорони баландпоя ҳам ҳастанд. Ба ақидаи муттахассис, ин мушкил сабабҳои равонӣ дорад.

Мансабдорони давлатӣ барои вақтхушии худ қиморбозиро беҳтар аз майзадагӣ медонистаанд, зеро таъсираш ба зоҳиру обрӯи онҳо нонамоёнтар аст. "Аслан кормандони давлатӣ ҳамеша дар ҳолати изтироб ҳастанд. Ин фишорро бояд дар куҷо берун кунанд? Дар ҷое, ки онҷо касе туро ошкор намекунад. Ягон казино намегӯяд, ки масалан ман ба он ҷо меравам," -- афзуд равоншинос Айдос Иброҳим.

Ба бовари ӯ, роҳи шифои "ошиқон"-и қимор ҳам мисли майзадагӣ ва нашъамандӣ аст. Пеш аз ҳама худи одам бояд ба тағйири тарзи зиндагияш омода бошад. Дар акси ҳол тамоми кӯшишҳо бенатиҷа хоҳад буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG