Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони САҲА дар Тоҷикистон аз чӣ гуфтанд?


Сафирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо
Сафирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҳайати сафирони чаҳор кишвари ғарбии узви САҲА – Олмон, Фаронса, Бритониё ва Амрико – ҳангоми боздид аз Тоҷикистон масъалаҳои амнияту суботро баррасӣ кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 8-уми ноябр дар изҳороти расмии САҲА хабар дода шудааст. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки мулоқоти сафирони САҲА рӯзи 5-уми ноябр баргузор шуд. Онҳо охири ҳафтаи гузашта бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вохӯрдаанд.

САҲА менависад, ҳайате, ки рӯзҳои 5-6-уми ноябр аз Тоҷикистон дидан кард, аз сафири Олмон Геса Браутигам, сафири Фаронса Кристин Фаж, сафири Бритониё Нейл Буш ва сафири ИМА Майкл Карпентер иборат буд.

Дар баробари дидору гуфтугӯ бо ду мақоми баландпояи Тоҷикистон, ба навиштаи САҲА, ин ҳайат инчунин аз Маркази тамринии маводи таркандаи Чимтеппа, Маркази мадад ба занон дар ноҳияи Хуросон, Коллеҷи сарҳадии САҲА ва аъзои ҷомеаи мадании Тоҷикистон дидан кард.

Дар изҳороте қабл аз ин сафар гуфта шуд: “Осиёи Марказӣ барои мо минтақаи муҳим аст, аз ин хотир мо дар як ҳайати чаҳоргона ба ин ҷо сафар мекунем”.

Дар матни изҳорот инчунин омадааст: “Мо ба аҳамияти ҳамкорӣ, нақши САҲА дар пешбурди суботу амният дар Осиёи Марказӣ ва табодули назар дар бораи авлавиятҳову эҳтиёҷҳои кишварҳои худ таъкид хоҳем кард. Мо инчунин консепсияи фарогири арзёбиҳои сиёсию низомӣ, иқтисодию муҳитзистӣ ва инсониро баррасӣ хоҳем кард”.

Бино ба изҳороти мухтасаре, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кард, “ҷонибҳо роҷеъ ба таҳдидҳо дар минтақаи мавриди масъулияти САҲА табодули назар карданд”. Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, “Тоҷикистон манфиатдори инкишофи робитаҳо дар чаҳорчӯби САҲА” мебошад.

Ин сафар дар ҳолест, ки робитаҳои сиёсии Тоҷикистону САҲА баъди соли 2016 бо сабаби ихтилофи назарҳо дар заминаи ширкати мухолифони тоҷик дар конфронси ҳуқуқи башари САҲА дар Полша маҳдуд шудааст.

Нахустин сафари масъули озодии матбуоти САҲА ба Душанбе Тереза Рибейро моҳи октябри имсол сурат гирифт. Ин сафар бо эълони ҳукми хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ рост омад. Ин ниҳоди САҲА ҳабси журналистонро маҳкум карда, пайваста тақозо дорад, ки онҳо озод шаванд, вале мақомот дар Тоҷикистон вокунише намекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG