Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев


Шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов - узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин”, барои ба даст овардани медали тилои «Baku Grand Slam 2022» хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард.

Инчунин бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гуштин”-и пойтахти кишвар барои ба даст овардани медали нуқраи «Baku Grand Slam 2022» 100 000 сомонӣ супурда шуд.

Шаҳрдории Душанбе дар ҳоле ба ин ду варзишгар туҳфаҳо тақдим кард, ки дар гузашта бархе аз варзишгарони тоҷик, аз ҷумла Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев, Беҳрузи Хоҷазода, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Сомон Маҳмадбеков ва дигарон, ки дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ғолиб омада буданд, чунин қадрдонӣ нашуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam 2022” 4-6 ноябр бо иштироки варзишгарони 61 давлати ҷаҳон доир гашт. Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг медали тилло ва Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг медали нуқра ба даст оварданд.

Зимнан, паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022», ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард. Ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти «Grand Slam” соҳиби медали тило гардид.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври дуюм муқобили Серафим Компаниез аз Исроил пардохт ва дастболо шуд. Баъдан паҳлавони 25-солаи тоҷик дар даври чаҳорякниҳоӣ Саба Инанейшвилиро аз Гурҷистон шикаст дод.

Дар даври нимниҳоӣ Темур бар Мартти Пуумалайнен аз Финландия пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ Раҳимов бо паҳлавони 23-солаӣ узбек Алишер Юсупов қувваозмоӣ карда, бар рақибаш бо имтиёзи «иппон» ғолиб омад.

Темур Раҳимов ба ҷуз аз медали тило, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонида шуд. Инчунин соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон дар вазни сангинтарин нигоҳ дошт.

Муллораҷаб Халифаев бошад, дар “Baku Grand Slam 2022”дар вазни то 66 кило медали нуқра ба даст овард. Ин варзишгари 23-солаи тоҷик баъди панҷ ғалаба бар Робин Ҷара аз Мексика, Виллис Гарсиа аз Венесуэла, Мухриддин Тилавов аз Узбекистон, Бунчич Страҳиня аз Сербия ва Эрхембайар Баттогтох аз Муғулистон ба финал роҳ ёфт.

Вале Муллораҷаб барои ба даст овардани медали тило аз гуштигири пуртаҷриба Денис Виеру аз Молдова бо гирифтани се “шидо” мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

XS
SM
MD
LG