Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ хост, Завқибек ва ҳамкасбони зиндонияшро раҳо кунанд


Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, хоҳони озодии Завқибек Саидаминӣ ва рӯзноманигорони дигари зиндонӣ дар Тоҷикистон шуд.

Додгоҳе дар Душанбе рӯзи 3-юми ноябр Саидаминии 38-соларо ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнуъ ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.

Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз хабарнигорон, рӯзи 4-уми ноябр дар изҳороте гуфт, “далелҳо баёнгари онанд, ки Завқибек Саидаминӣ ба монанди ҳамкасбонаш Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода на чун “ифротгаро”, балки ба ҳайси тарафдорони ошкорбаёнӣ ва озодии матбуот зиндонӣ шуд. Чизе, ки ба назар мерасад, мақомот аз он бисёр метарсанд.”

Вай дар идома афзудааст: “Мақомот дар Тоҷикистон ё бояд далелҳои қонеъкунандаро дар бораи онки рӯзноманигорон воқеан ҷиноят кардаанд, ифшо кунанд. Ва ё онҳо ва намояндагони дигари расонаҳоро, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунанд.”

Завқибек Саидаминиро рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир карданд. Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд.

Ба ҷуз аз Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол гирифтанд. Чанд нафари дигар муҳокима мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG