Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағйирот на ба ҳимояи ҳуқуқ, балки саркӯби ҷомеаи шаҳрвандист"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳаракати ҳуқуқи башари “Бир дунё-Қирғизистон” аз президент Содир Ҷабборов (Жапаров), сарвазир Оқилбек Жапаров ва раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев даъват кардааст, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ” дар ин кишвар бозхонда шавад.

Ба гуфтаи масъулони ҳаракат, лоиҳа хилофи банди 36-уми Конститутсияи Қирғизистон мебошад, ки ба шаҳрвандон ҳуқуқи озодии иттиҳодияҳоро фароҳам меорад.

"Тағйирот ба қонунҳо дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ на ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, балки барои саркӯб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст. Илова бар ин, ислоҳоти пешниҳодшуда ба принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ, инчунин, кафолатҳои конститутсионӣ ва заминаи қонунгузории Қирғизистон мухолифанд”, - омадааст дар мурҷиатнома.

Сомонаи Девони вазирони Қирғизистон 3-юми ноябри имсол лоиҳаи қонунро "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ", ки бо ташаббуси дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар таҳия шудааст, нашр кард.

Муаллифон пешниҳод мекунанд, ки сабтиноми созмонҳои ғайридавлатӣ дар Вазорати адлияи Қирғизистон ҳатмӣ гардонида шавад.

Ҳамчунин, тибқи иловаҳои пешниҳодшуда, Додситонии кулли Қирғизистон иҷрои қонунҳоро аз ҷониби созмонҳои ғайритиҷоратӣ назорат мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG