Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори аввал дар ёздаҳ соли охир. Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон


Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон оғоз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор шуд. Мақомот гуфтанд, чунин маърака дар ёздаҳ соли охир бори аввал мегузарад ва натанҳо Душанбе, балки Хуҷанду Бохтар ва Кӯлобро низ дар бар мегирад.

Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон шоми 31-уми октябр дар Театри опера ва балети Душанбе оғоз шуд. Дар ин маҳфил вазири фарҳанги Тоҷикистону ҳамтои эронияш, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва аҳли илму адабу ҳунармандон ширкат карданд.

Аз Эрон барои ширкат дар ин ҳамоиш ҳайати шастнафарии ҳунармандон ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар оғози маросим Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, ки сафари фарҳангиёни эронӣ ба кишвар “сафари ҷавобӣ” аст. Моҳе пеш фарҳангиёни тоҷик дар шаҳрҳои Теҳрону Шероз ва Табрез дастовардҳои фарҳанги тоҷиконро намоиш дода буданд.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ гуфт, бо баргузории ин намоиши фарҳангӣ умедвори тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳастанд.

“Ба мақомоти кишвари дӯсти Тоҷикистон барои мусоидат дар баргузории рӯзҳои фарҳангии Эрон изҳори сипос мекунам. Он ҳам баъд аз ёздаҳ сол баргузор мешавад,” -- афзуд ӯ.

Як рӯз пеш вазирони фарҳанги Тоҷикистону Эрон мулоқоти ҷудогона доштаанд. Ба иттилои манобеъ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон хоҳони дубора фаъол кардани ройзании фарҳангии кишвараш дар Тоҷикистон шудааст.

Ин ройзанӣ соли 2014 ва баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳои ду кишвар баста шуда буд. Он замон мақомоти тоҷик Эронро ба кӯшиши нофарҷоми кудето дар Тоҷикистон ва пуштибонӣ аз фаъолияти Ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор карда буданд.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, аз баргузории рӯзҳои фарҳангии Эрон истиқбол кард ва гуфт, "тоҷикистониҳо онро муддатҳо боз интизор буданд".

Дар посух ба ин суол, ки оё ранҷишҳои пешина дар равобити ду кишвар ҳамакнун аз байн рафтааст ё не, ҷаноби Қодир гуфт, "чунин бархурди миёни ду кишвар бо мудохилаи кишварҳои севум сурат гирифтааст".

"Ба хотири онки қавмҳои дигар зиёд мехоҳанд, империяи худро дар атрофи мо бунёд кунанд. Ҳатто таърихи моро азхуд кардаанд, фарҳанги моро азхуд карданд. Моро зарур аст, бо Эрон ва дар сурати беҳбуди вазъ дар Афғонистон дӯстӣ дошта бошем,” – афзуд ӯ.

Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон то 6-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар чорчӯби баргузории рӯзҳои фарҳангии Эрон маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», намоиши филмҳои эронӣ ва маҳфили адабӣ бо иштироки адибони ду кишвар дар назар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG