Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 медали Тоҷикистон дар аввалин қаҳрамонии Осиё оид ба муҳорибаҳои омехта


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар аввалин қаҳрамонии Осиё оид ба муҳорибаҳои омехтаи ҳаваскорӣ (MMA), ки аз 27-ум то 30-юми октябр дар Душанбе доир гардид, бо касби 35 медал (9 тило, 8 нуқра ва 18 биринҷӣ) миёни 15 кишвари иштироккунандаи мусобиқот ғолиб шуданд.

Ба иттилои Федератсияи ҳунарҳои омехтаи размии Тоҷикистон (TAJMMAF), дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии муҳорибаҳои омехта (IMMAF) доир гардид, ба ҷуз аз варзишгарони тоҷик, намояндагон аз Афғонистон, Баҳрайн, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Лубнон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Урдун, Ҳиндустон, Ҷопон ва Эрон иштирок карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми дувумро мунтахаби Қазоқистон бо касби 25 медал ( 7 тило, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) соҳиб шуд. Мунтахаби Баҳрайн бо касби 10 медал мақоми севумро азони худ кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ чаҳор медали тилоро ба мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Салоҳиддинов (56,7 кг), Акрам Узоқов (61,2 кг), Манучеҳр Ризоев (65,8 кг) ва Масъуд Одинаев (70,3 кг) дар мусобиқа миёни бузургсолон оварданд.

Инчунин варзишгарони тоҷик дар сабқати наврасон панҷ медали тило гирифтанд. Воҳид Зоҳидзода (52,2 кг), Отабек Раҷабов (61,2 кг), Умронҷон Мансуров (65,8 кг), Умар Сафаров (70,3 кг) дар рақобатҳо байни писарон ва Муниса Раҳмонова (47,6 кг) миёни духтарон бо медалҳои тило сарфароз гаштанд.

XS
SM
MD
LG