Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Манфиат не, меъёр муҳим аст." Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба тасмими Қирғизистон. ВИДЕО


Қарори бастани сомонаи қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон ва он ҳам дар пайванд ба бозтоби даргирӣ дар сарҳад вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба бор овардааст. Баъзе аз хабарнигорони тоҷик рафтори мақомоти кишвари ҳамсояро "маҳдуд кардани озодии баён ва рӯзноманигории ботавозун" номиданд. Манобеи расмӣ чизе нагуфтанд. Ҷомеаи расонаии Қирғизистон дар пайванд ба тасмими бастани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ эътироз кард.

Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон 26-уми октябри имсол сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст ва сабабро як барномаи ТВ "Настояшее Время" (тарҳи Радиои Озодӣ, қароргоҳаш дар Бишкек) дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номид.

Ба бовари мақомот, ин матлаб аз 16-уми сентябр "дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон маълумоти тасдиқношуда дорад".

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба шурӯи даргирии 14-17-уми сентябр ва таҷовузи мусаллаҳона ба хоки ҳамдигар, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, муттаҳам кардаанд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориши мавриди баҳс ба меъёрҳои байнулмилалии хабарнигорӣ ҷавобгӯст.

"Иттилои бетарафона"

Афсонаи Акобиршо, хабарнигори "Эрон Интернешнл", мегӯяд, барномаи телевизиони "Настояшее Время"-ро дар бораи даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дидааст ва "он дуруст буд".

"Онҳо бо риояи меъёрҳои хабарнигории байнулмилалӣ гузориш доданд. Муноқиша дар марзи ду кишвар рух дод. Ҳарду ҷониб захмиву кушта доштанд. Пахши назари ҷонибҳо ҳеч меъёреро вайрон намекунад. Вазифаи онҳо расондани иттилои бетарафона ба мухотаб аст," – шарҳ дод ӯ.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори "Азия-Плюс", мегӯяд, тасмими охир тасаввури дигаронро дар бораи "ҷазираи демократия" будани Қирғизистон то ҷое аз байн бурд.

Ӯ гуфт: "Ҳангоми муноқиша ҳар шаҳрванд мекӯшад, манфиатҳои давлати худро ҳимоя кунад. Дар айни замон меъёрҳои байнулмилалӣ талаб мекунанд, ки тавозун риоя шавад. Расонаҳои Тоҷикистон ба ҳадди имкон назари ҳарду ҷонибро доданд. Расонаҳои Қирғизистон дар бораи мавқеи Тоҷикистон чизе нагуфтанд."

Назарҳоро дар ин барнома бинед:

Нимкосаи зери коса?

Гуруҳе дигар аз хабарнигорон бозтоби "нодуруст"-и даргириро дар сарҳад бо Тоҷикистон барои бастани сомонаи қирғизии Радиои Озодӣ як баҳона донистанд. Дар асл, ба бовари хабарнигор Ёқуб Ҳалимов, "ин таҳдид ба хабарнигорон ва кӯшише барои хомӯш кардани фаъолони ҷомеа дар Қирғизистон аст."

"Раҳбарияти ин кишвар хостанд, бо масдуд кардани расонаҳо, таҳдид ба хабарнигорон ва тарс додани ҷомеаи фаъол қудрати худро мустаҳкам кунанд," -- афзуд ӯ.

Дар Қирғизистон ҳам чӣ гуна бозтоб додани ҷанҷоли марзиро бо Тоҷикистон баҳс надоранд, балки аз тангтар шудани ҳалқаи озодии баёну матбуот нигаронанд.

Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 28-уми октябр ба нишони эътироз аз нашри хабару иттилоияҳои расмӣ худдорӣ карданд. Муассисону муҳаррирони расонаҳои мустақил дар муроҷиате ба раиси ҷумҳури Қирғизистон навиштанд, ки “фишори бесобиқа ба рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил” ва “маъракаи бадномсозии рӯзноманигорон” мушоҳида мешавад.

Муаллифони муроҷиатнома гуфтаанд, хабар доранд, ки баъди бахши қирғизии Радиои Озодӣ расонаҳое ба монанди Kaktus.media, Kloop.kg ва Factcheck.kg баста хоҳанд шуд.

Дар ҳоле ки Қирғизистон бо доштани фазои бози расонаӣ назар ба ҳамсояҳояш маъруф аст, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки аз замони ба қудрат расидани Содир Ҷабборов (Жапаров) дар моҳи октябри соли 2020 фазои озодии баён бадтар шуда. Мақомоти Қирғизистон рафтори худро дар баробари расонаҳо ва фаъолону сиёсатмадорон дурусту қонунӣ мешуморанд. Дигарон зиддиқонунӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG