Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз шӯхӣ то воқеият. Баҳси тарҳи сохтмони метро дар Душанбе


Шаҳри Душанбе
Шаҳри Душанбе

Мақомоти тоҷик бо мақомоти Кореяи Ҷанубӣ масъалаи сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардаанд.

Хабаргузории "Ховар" хабар додааст, ки Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо ҳамтоёни кореягии худ мавзуи пеш аз мӯҳлат сохтани метро дар Душанберо матраҳ кардааст.

Дар ин хабар мӯҳлати сохтмони метро гуфта нашудааст, вале аз ин пеш, дар моҳи марти имсол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо ширкати роҳи оҳани миллии Корея барои сохтмони метро дар Душанбе то соли 2040 созишнома имзо кардаанд. Соли 2019 расонаҳо аз қавли ҳукумати Душанбе хабар дода буданд, ки тибқи нақшаи генералии пойтахт нахустин хатти ҳавоии метро сохта хоҳад шуд.

Сокинони Душанбе, ки дар истифодаи нақлиёт мушкил доранд, солҳост орзӯи сохтмони метроро мекунанд.

Чанд соли пеш, Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист ва яке аз номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон ба мардум ваъдаи метросозӣ дода буд, аммо ин нияти ӯ боис ба эҷоди ҳазлу карикатураҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Корбарон аз он дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна кишваре, ки садҳо мушкилоти иқтисодӣ дорад, метавонад метро созад.

Чанд сол пеш, як гурӯҳи ҳаҷвӣ дар Хуҷанд низ сохтмони метро дар ин шаҳрро ба риштаи ҳаҷв кашида буд. Ҳаҷвнигор дар нақши ягона сохтмончии метро, Абдуи Хуҷандӣ, мегӯяд, ки метро дар ин шаҳр соли 2067 ба истифода дода хоҳад шуд.

Коршиносон сохтани метроро кори мушкилу пурхарҷ медонанд, аз ин рӯ, матраҳ шудани ин мавзуро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳазл мекашанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG