Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳазорҳо нерӯи эҳтиётиро ба Херсон фиристодааст


Аҳолии Херсонро ба ҷойи дигар мекӯчонанд
Аҳолии Херсонро ба ҷойи дигар мекӯчонанд

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия ҳазорҳо нафареро, ки дар пайи "мобилизатсия" ба артиши он кишвар ҷалб шудаанд, ба вилояти ҷанубии Херсон фиристодааст. Ҷое, ки нерӯҳои Киев барои бозпас гирифтани қаламравҳои ишғолкардаи Маскав дар ин вилоят пешравӣ доранд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 21-уми октябр дар бораи ҳамлаҳои нави Русия ба ғайринизомиён гузориш шуд.

Дар изҳороти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфтанд, Русия беш аз ду ҳазор нерӯи эҳтиётиро ба Херсон фиристод. "Ҳамзамон мақомоти минтақаҳои ишғолӣ дар бораи омодагӣ барои берун бурдани ба истилоҳ "муассисаҳои бонкӣ" ва кормандони тиб ва омӯзгорони Русия фармон додаанд," -- омадааст дар иттилоия.

Украина саъй дорад, нерӯҳои Русияро аз вилояти ҷанубии Херсон ба тарафи шарқ биронад. Дафтари раиси ҷумҳур Владимир Зеленский рӯзи 20-уми октябр гуфт, нерӯҳои Украина ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Херсон 15 ҳамла анҷом додаанд.

Онҳо гуфтаанд, ин оғози амалиёти бузург барои озод кардани шаҳри стратегии Херсон аст.

Херсон, ки тақрибан 284 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, дар рӯзҳои аввали ҳамлаи беасоси Русия ба Украина ишғол шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG