Имрӯз, 19-уми октябр, дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – Сеул Ассамблеяи 26-уми кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АNОC) оғоз ёфт, ки то рӯзи 21-уми октябр идома хоҳад кард.
Дар ассамблея вакилон аз 204 кишвари аъзои ANOC, аз ҷумла аз Тоҷикистон, иштирок доранд. Аммо Кореяи Шимолӣ ва Гватемала намояндагони худро ба Сеул нафиристоданд. Дар ин чорабинӣ 17 кишвар, ба мисли Британияи Кабир, Украина ва Латвия, ба таври онлайн ё маҷозӣ ширкат меварзанд.
Вакилон масъалаҳои муҳими варзиш ва омодагиро ба Бозиҳои дар пешистодаи олимпӣ муҳокима мекунанд. Инчунин Нақшаи стратегии ANOC барои солҳои 2021-2024 тасдиқ шуда, президент ва ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ барои давраи нав интихоб мегарданд.
Рӯзи 19-уми октябр дар Ассамблеяи 26-уми кулли ANOC президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл суханронӣ кард. Вай бо ишора ба таҳдидҳое, ки имрӯз ба сулҳи ҷаҳон вуҷуд дорад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, "якҷоя муттаҳид шаванд, то ки талошҳои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ барои таъмини озодӣ ва ҳамбастагӣ тавассути варзиш дар оянда идома ёбад."
Дар ҷараёни сафари худ ба Сеул президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах ва сарвари ANOC Робин Митчел бо президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл мулоқот карда, бо рафти омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон дар соли 2024 дар Гангвондо шинос шуданд.
Ҷумҳурии Корея бори сеюм аст, ки ҳайатҳои кумитаҳои миллии олимпиро қабул мекунад. Соли 1986 дар Сеул Ассамблеяи панҷум ва соли 2006 Ассамблеяи 15-уми ANOC баргузор гардида буд.