Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзанди мансабдорон ба артиш намераванд." Хулосаи матбуоти Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нашрияҳои чопи Тоҷикистон ин ҳафта "ҷанги иттилоотӣ" ва худдории Қирғизистонро аз пазироии нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба баҳс кашидаанд. Фоидаву зиёни ба Тоҷикистон омадани теъдоди зиёди русҳо аз мавзӯи дигари матбуоти маҳаллист.

"Ноз"-и Қирғизистон бо чӣ меанҷомад?"

"Азия-Плюс" дар мақолае чигунагии "ҷанги иттилоотӣ"-ро дар айёми даргириҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо коршиносон ва рӯзноманигорон дар миён гузоштааст. Чанде аз онҳо гуфтаанд, "расонаҳои кишвари ҳамсоя омодагии хуб ва стратегия доштанд. Медонистанд, ки ба мухотабони дохилӣ чӣ бигӯянд ва ба мухотабони берунӣ чӣ бирасонанд."

Ҳафтаномаи русзабон тавсияҳои коршиносонро ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки муҳимтаринаш зарурати ҳамкории онҳо бо расонаҳо ва блогерон дар чунин лаҳзаҳои муҳим, аз ҷумла таъмини саривақтии рӯзноманигорон бо иттилои расмӣ, аст. Чизе, ки солҳо боз садо медиҳад, вале мақомот нодида мегиранд.

Нашрия дар маводи дигаре ба номи "Ноз"-и Қирғизистон бо чӣ меанҷомад?" сабабҳои даст кашидани Бишкекро аз гузарондани тамрини нерӯҳои СПАД дар қаламрави худ ва ширкат наварзиданаш дар машқи ҳамсон дар Тоҷикистон овардааст.

Ба ақидаи коршиносон, иқдоми мазкур метавонад, нишонаи норозӣ будани Бишкек аз СПАД барои ҳал накардани баҳси аъзояш бошад. Сабаби дигари чунин рафтори Қирғизистонро баъзеҳо ба "қонеъ набудани роҳбарияти ин кишвар аз қарордодҳои ба имзо расида бо Тоҷикистон пас аз муноқишаи охири марзӣ арзёбӣ кардаанд".

"Тоҷикистон" назари чанд коршиносро дар бораи чунин рафтори Қирғизистон пурсидааст. Онҳо гуфтаанд, "Қирғизистон бо чунин мавзеъгирӣ нишон дод, ки бо Тоҷикистон созиш карданӣ нест."

"Аз сиёсати ҷангҷӯёнаи Путин гурехтаанд"

"Самак" андешаҳои рӯзноманигор Ҳафиз Раҳмонро дар бораи шиносоиаш бо "гурезаҳои рус" дар Душанбе чоп кард. Муаллиф аз вохӯрии тасодуфӣ бо гуруҳи чаҳорнафарӣ, ки аз ҷанги Русия бо Украина ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Путин гурехтаанд, қисса намудаааст.

Ба қавли ӯ, чун суҳбат ранги сиёсӣ гирифт, онҳо ошкоро мавқеи худро нисбати сафарбарии кунунӣ ва сабабу омилҳои ҷанги Украина баён карданд. "Мо дар рӯёрӯии кадом даҳшате қарор дорем, даҳшате, ки ҷаҳонро титу пареш хоҳад кард," -- гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони муаллиф.

"СССР" хулосаи суҳбати кормандонашро бо русҳо дар кӯчаҳои Душанбе овардааст. Иддае аз меҳмоннавозии тоҷикон дар ҳайрат уфтодаанду қисми дигар аз суръати поини Интернет ибрози таассуф кардаанд.

Барои мисол, нашрия гапи шахсеро бо номи Антон меоварад, ки гуфтааст: "Бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Муомилаю муносибати мардум самимист. Агар ба худ ягон ҷойи кори муносиб ёбам, мехоҳам, ҳамин ҷо бимонам."

Дар айни ҳол, нашрия суханони Александри 47-соларо овардааст, ки аз фиреби ронандаҳои таксӣ шикоят кардааст. "Мо се нафар аз Русия тавассути тайёра ба Кӯлоб ва аз онҷо бо сабукрав ба Душанбе омадем. Аз фурудгоҳи Кулоб то шаҳри Душанбе аз се нафари мо 1200 сомонӣ гирифтанд; аз ҳар нафар 400 сомонӣ!" -- гила кардааст Александр.

Ду мушкилӣ дар Хатлон

"Фараж" як мушкилии сокинони Хатлонро матраҳ кардааст ва он ҳам маҳрум будани онҳо аз хидмати равоншиносон аст. "Набудани мутахассисони соҳа дар сераҳолитарин минтақаи кишвар ба он овардааст, ки ҳамасола даҳҳо нафар даст ба худкушӣ мезананд," -- омадааст дар матлаб.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷӯрабой Саидов сабаро чунин шарҳ додааст: "Воҳиди корӣ дорем, аммо мутахассис надорем. Сабабаш дар он аст, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят ҳамин ихтисос нест."

"Пайк" дар робита ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш маводеро ба номи "Ёвон: Фарзандони мансабдорон ба аскарӣ намераванд" чоп кардааст ва дар он рӯйхати иборат аз 65 фарзанди мансабдорони хурду миёнаи 8 ҷамоати ноҳияи Ёвонро ном ба ном овардааст. Муаллиф гуфтааст, ин афрод солҳо боз аз даъват ба артиш халос мешаванд.

Ҳафтанома гуфтааст, мақсад аз нашри рӯйхат "ба самъи раиси вилояти Хатлон ва масъулини дигари дахлдори ҷумҳурӣ расондани ин нобаробарии иҷтимоӣ аст, то пеши роҳи чунин ҳодисаҳо дар оянда гирифта шаванд." Дар айни замон номи раисони чанд ноҳияро оварда, ки фарзандонашон адои хидмат мекунанд, вале шумораашон зиёд нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG