Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон ба Далери Имомалӣ 10,5 сол зиндон талаб кард


Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ

Додситон (прокурор, айбдоркунандаи давлатӣ) ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери боздоштшудаи тоҷик, 10,5 сол зиндон талаб кардааст. Ҳанӯз маълум нест, Далери Имомалӣ ба талаби додситон чӣ вокуниш карда. Дар назар аст, ки дар мурофиаи оянда ин рӯзноманигор сухани охирини худро иброз кунад.

Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Далери Имомалӣ дар бозпурсиҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қабул карда, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнуъ напазируфтааст.

Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12-уми октябр ва дар мурофаи дувуми Далери Имомалӣ садо дод.

“Мурофиаи Далер ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Додситон талаби худро эълон кард ва дар мурофиаи оянда Далер сухани охиринро ироа мекунад. Баъд аз он додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад,” -- афзуд манбаъ.

Мурофиаи Далери Имомалӣ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад ва барои ҳамин ҷузъиёти он пурра дастрас нест. Хешовандони рӯзноманигор ҳозир нестанд, бо расонаҳо суҳбат кунанд.

Нахустин баррасии додгоҳии ин рӯзноманигор рӯзи 7-уми октябр баргузор шуда буд. Парвандаи Далери Имомалӣ аз сӯи Даврон Назарзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад.

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд. Ду рӯз пас мақомот гуфтанд, ин блогер ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони мамнуи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад. Ин созмони мухолифи ҳукумат ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад кард. Қаблан баъзе манобеъ гуфтанд, Далери Имомалӣ ба ҷуз аз иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ айбҳои дигарро қабул накардааст.

Дар моҳҳои ахир 7 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт шуданд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамкори Далери Имомалӣ рӯзи 4 октябр ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд худаш гуфт бегуноҳ аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла САҲА аз ҳабси хабарнигорон ва маҳдуд шудани озодии баён дар ин кишвар, сахт нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хост, ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар мавриди озодии баёнро риоя кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG