Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: дар таҳияи филми мустанад дар бораи Назарбоев $5 млн харҷ шудааст


Нурсултон Назарбоев.
Нурсултон Назарбоев.

Таҳияи филми мустанади коргардони амрикоӣ Оливер Стоун дар бораи раисиҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бунёди зери раҳбарии худи ӯ сармоягузорӣ кардааст.

Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) ва Vlast.kz дар таҳқиқоти худ қайд кардаанд, ки бунёд барои таҳияи филми мазкур 5 миллион доллар ҷудо кардааст.

Стоун ва коргардони филм Игор Лопатенок дар суҳбат бо "The Guardian" гуфта буданд, ки ҳукумати Қазоқистон ба таҳияи филм ҳеч рабте надорад ва онро сармоягузорӣ ҳам накардааст.

Рӯзноманигори қазоқ Михаил Козачков чанде пеш қарордод миёни "Бунёди президенти нахустини Қазоқистон - Елбасӣ"-ро бо Маркази давлатии дастгирии синамои миллии он кишвар дастрас ва расонаӣ кард.

Тибқи ин қарордод, Маркази давлатии дастгирии синамои миллӣ дар Қазоқистон барои ташкили таҳия, намоиш ва паҳн кардани филм дар бораи Назарбоев аз бунёди таҳти раҳбарии ӯ 7 миллион доллар гирифтааст.

Филмсоз Оливер Стоун дар бораи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев филми ҳуҷҷатии ҳаштсоатиеро бо номи "Qazaq. Таърихи одами тилоӣ" ба навор гирифтааст. Президенти пешини Қазоқистон дар ин филм даврони кудакӣ ва пошхурии Иттиҳоди Шуравиро қисса мекунад.

Оливер Стоун филмсоз, сенарист ва коргардони амрикоиест, ки се бор ҷоизаи маъруфи "Оскар"-ро ба даст овардааст.

Назарбоеви 80-сола моҳи марти соли 2021, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG