Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Путин наояд." Эътироз ва боздошти чанде аз фаъолон дар Қазоқистон


Алмато

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис чаҳор фаъолеро боздошт кард, ки намехоҳанд, Владимир Путин, президенти Русия ба Қазоқистон ояд.

Ин чаҳор тан пушти дари консулгарии Русия дар шаҳри Алмато ҷамъ шуда, ба сафари Путин эътироз карданд. Қарор аст, президенти Русия 12-уми октябр вориди Қазоқистон шавад.

Пулис эътирозгаронро боздошт ва ба самти номаълум бурдааст. Эътирозгарон дар даст шиор ва парчами Украинаро доштаанд.

Пештар расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки Путин рӯзҳои 12-14-уми октябр ба Қазоқистон меравад. Корбарони қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин сафар эътироз доранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ, сиёсатшиносон, шаҳрвандони қаторӣ ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум ва лағви сафари Путинро талаб доранд. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, сафари Путин хеле муҳим аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG