Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вабо дар Сурия. Даҳҳо кас ҷон бохта, ҳазорҳо нафар беморанд. ВИДЕО


Яке аз урдугоҳҳо дар Сурия
Яке аз урдугоҳҳо дар Сурия

ЮНИСЕФ ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, вабо дар Сурия ба 10 ҳазор нафар сироят кардааст. Хатари гирифторӣ ба беморӣ ба миллионҳо беҷошудаи дигар дар ин кишвари ҷангзада таҳдид мекунад.

Абдураззоқ Муҳаммад Умар, яке аз беҷошудагон гуфт, “ҳама аз ин беморӣ метарсад. Бисёр хатарнок аст. Зимистони гузашта коронавирус паҳн шуд, одамони зиёде фавтиданд. Мо бояд чораҳои пешгирӣ биандешем.”

Оби поку риояи беҳдошт, монеаи сирояти вабо мешавад, вале таъхир дар муолиҷа инсонро дар чанд соат мекушад. Ҳафтаи гузашта теъдоди қурбониён аз вабо ба 40 нафар расид. Вазорати тандурустии Сурия гуфт, онҳое фавтидаанд, ки дер ба шифохона омаданд ва ё бемориҳои дигари тӯлонӣ доштаанд.

Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, ҷангу хушксолӣ, набудани нерӯи барқ ними аҳолии Сурияро маҷбур кардааст, аз оби олуда истифода баранд. Дар ҷанг нисфи зербунёдҳои кишвар вайрон шудааст ва фозилоби шаҳрҳо поку безарар карда намешавад.

Дар вилояти Идлиб, ки ҳанӯз ҷанг бо ҳукумат идома дорад, бемории вабо зиёд паҳн нашудааст, вале сокинону маъмурони имдодӣ мегӯянд, мумкин аст, дар инҷо ҳам васеъ паҳн шавад.

Абдусалом Муҳаммад Юсуф, масъули урдугоҳи “Аҳл ал-Тоҳ”, гуфт, “бисёре аз урдугоҳҳои худсохт шабакаи фозилоб надоранд ва мо ҳеч коре барои фароҳам кардани шароити муносибу бехатар барои сокинони онҳо карда наметавонем.”

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Сурия вабо ҳаёти даҳҳо нафарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Тақрибан ниме аз чаҳор миллион аҳолии Идлиб дар воқеъ бехонумонанд ва бо оилаҳояшон дар урдугоҳҳои серодами беҷошудагон зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз мардуми инҷо муҳтоҷи кумакҳои башарӣ ҳастанд. Созмони Милал хуруҷи ваборо “таҳдиди ҷиддӣ” барои Сурия ва минтақа хонда, хостори иқдомоти фаврии байнулмилалӣ шудааст.

Муҳаммад Шоҳим Маккӣ, намояндаи Идораи назорати эпидемиологӣ дар Идлиб, гуфт, “ҷомеаи байнулмилалӣ медонад, ки ингуна эпидемияҳо дар минтақаҳои ҷангзада хуруҷ мекунанд ва мардуми зиёдеро мекушанд. Бояд барои таъмини оби пок ва беҳдошт кумаки хос расонида шавад ва марказҳои муолиҷаи вабо таъсис диҳанд.”

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, имсол сирояти бемории вабо зиёдтар ва дар 26 кишвар мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, бар иловаи ҷангу тағйири иқлим, қашшоқӣ яке аз сабабҳои дигари хуруҷи вабо аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG