Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои мардумӣ дар Эрон идома дорад

Эътирозҳо дар Эрон
Эътирозҳо дар Эрон

Эътирозҳои мардумӣ дар Эрон идома доранд ва аз бархӯрди нерӯҳои интизомӣ бо тазоҳургарон дар чандин шаҳри ин кишвар гузориш шудааст. Тазоҳурот чанд ҳафта пеш дар эътироз ба марги Маҳсо Аминии 22-сола дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқ оғоз шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо, шоми 10-уми октябр низомиён дар шаҳри Санандаҷ, маркази вилояти Курдистони Эрон, ба сӯи тазоҳургарон тирандозӣ кардаанд. Мардум шикоят кардаанд, ки шаҳр дар муҳосираи нерӯҳои интизомӣ қарор дорад ва дастрасӣ ба интернет қатъ шудааст.

Ин шаҳр дар рӯзҳои охир шоҳиди бархӯрдҳои сахт миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои амниятӣ буд. Бар асоси гузоришҳо, теъдоде аз тазоҳургарон дар ин бархӯрдҳо кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони Афви Байнулмилал шоми душанбе аз саркӯби эътирозҳо дар шаҳри Санандаҷ ҳушдор дод. Ин ниҳод дар "Твиттер" навишт, гузоришҳоеро дар бораи истифодаи нерӯҳои амниятӣ аз силоҳ ва партоби гази ашковар, аз ҷумла ба дохили хонаҳои мардум, дарёфт кардааст.

Видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ далели даргирии нерӯҳои амниятии Эрон бо эътирозгарон дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Санандаҷ аст. Дар баъзе аз ин наворҳои видеоӣ садои тирандозии давомдор шунида мешавад, ки ҳамин амр нигарониҳо дар бораи сарнавишти эътирозгаронро бештар кардааст.

Афви Байнулмилал ҳамчунин мақомоти Эронро ба қатъи интернет ва халал ворид кардан дар кори шабакаҳои телефони ҳамроҳ муттаҳам кардааст.

Ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар идома аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид хост, ки нигаронии худро дар ин бора ба иттилои сафирони Ҷумҳурии Исломӣ бирасонанд ва аз онҳо бихоҳанд, ки ҳукумати Эрон ба саркӯби эътирозҳо поён диҳад ва ҳаққи таҷаммуи сулҳомезро ба расмият бишиносад.

Аз чанд ҳафта ба ин тараф эътирозҳо дар даҳҳо шаҳри Эрон ба шумули пойтахт Теҳрон идома доштааст. Тазоҳургарони хашмгин баъд аз он ба кӯчаҳо баромаданд, ки хабари марги Маҳсо Аминӣ нашр шуд. Вай аз сӯи пулиси ахлоқ ба сабаби риоя накардани ҳиҷоб боздошт ва дар боздоштгоҳ ҷон бохт.

Тибқи иттилои расонаҳо дар ин муддат беш аз 180 нафар ҷон бохта ва садҳо нафари дигар боздошт шудаанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG