Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдории вакилони қирғиз аз тарҳи созишнома бо Узбекистон


Бештари аъзои кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз тарҳи созишнома дар бораи таъйини баъзе аз минтақаҳои марзӣ бо Узбекистон раъй доданд. Дар ин бора раиси кумита Чингиз Айдарбеков ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, 6 вакил аз санад ҷонибдорӣ карда, 4 узви кумита мухолиф баромаданд. Худи Айдарбеков лоиҳаро ҷонибдорӣ кардааст. Вай мавқеъашро ба он асоснок кард, ки вакилони порлумон ҳуҷҷатҳоро танҳо субҳ қабул карданд ва барои шиносоӣ вақт надоштанд.

Қарор аст, лоиҳаи созишномаро президентҳои Қирғизистону Узбекистон нахуст имзо кунанд ва сипас порлумонҳои ду кишвар онҳоро ба тасвиб хоҳад расонд.

Кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон рӯзи душанбе лоиҳаи созишномаи марзӣ бо Узбекистонро баррасӣ кард. Вале ба хабарнигорон ва иштирокдорон иҷозат дода нашуд, ки аз рафти ҷаласа акс ё видео бигиранд.

XS
SM
MD
LG