Дар ҳафтаҳои охир дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, дар шимолу ғарби Покистон ва ҳаммарз бо Афғонистон, эътироз ба зидди Таҳрики Толибон бештар шудааст. Аксари мардум аз бозгашти Толибони покистонӣ ҳарос доранд. Сокинон мегӯянд, ҷангҷӯён суботи нисбии минтақаро таҳти хатар мегузоранд.
Сокинони водии Свот, дар гузашта паноҳгоҳи Толибони Покистон, бар зидди ифротгароӣ ва ба ҷонибдорӣ аз сулҳ дар Хайбар-Пахтунхоҳ шиор доданд. Раҳпаймоӣ барои сулҳ дар вилояти 40-миллионнафарии Покистон замоне оғоз шуд, ки ҷангҷӯёни Толибони Покистон дар минтақаҳои қабиланишини Вазиристону Хайбар-Пахтунхоҳ ва дар водии Свот дубора аз худ дарак доданд.
Хуршед Кокоҷӣ, раҳбари Шӯрои мусолиҳаи қавмии Свот, гуфт, "ин минтақа замоне ҳамчун гаҳвораи ҷаҳон шинохта мешуд, мутаассифона, қурбонии сиёсати нодурусти ҳокимон шуд. Рӯҳияи ҷангӣ дар авҷ аст ва мо бори дигар шоҳиди афзоиши нишонаҳои терроризм мешавем."
Барои Кокоҷиву тарафдоронаш ташкили гирдиҳамоии осоишта, ки ҳафтае пеш дар Свот гузашт, душвор буд. Рӯзи 13-уми сентябри имсол ҷангҷӯён хабар доданд, ки як фармондеҳи пурнуфузро бо чаҳор ҳамроҳаш, ки зидди Толибон мубориза мебурданд, куштаанд.
Илоҳӣ Юсуфзай, як иштирокдори гирдиҳамоӣ, терроризмро аз дидгоҳи худ чунин тасвир кард: "Соли 2008 падарамро шиканҷа карданд, амаки дуюмам низ шиканҷа шуд, як амакбачаам дар натиҷаи таркиш ҷон дод. Дарду алам то ҳол дар дили мо мондааст. Дар кӯдакӣ шоҳиди заҳматҳои сахти модарамон будем, ки бо душворӣ моро ба воя мерасонд."
Юсуфзай ба зидди созиши сулҳ бо гуруҳҳое ҳаст, ки онҳоро террорист меноманд. Ба гуфтааш, дар гузашта ҳам бо таҳрики Толибони Покистон чунин созишномаи баҳсбарангез имзо шуда буд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Сайфуллоҳ Хон, ҳомии ҳуқуқ ва сухангӯи ҳукумати вилояти Свот, ҳайати пирони қавми паштуро дар охирин музокирот бо Толибони покистонӣ роҳбарӣ мекард. Ӯ мегӯяд, "Покистон бо Толибон музокира мекунад. Худи ман ду дафъа дар музокирот будам. Роҳбарияти Толибон дар Кобул аст ва мо барои оташбас созиш бастем, аммо ҳаводиси як моҳи гузашта дар Свот, Вазиристон ва Хуррам ба ин созиш таъсир расонд."
Дар Хайбар-Пахтунхоҳ ҳизби "Таҳрики Инсоф"-и вобаста ба Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистонро ба бархӯрди нарм бо ҷангҷӯён айбдор мекунанд.
Сардор Ҳусайн Бобак, вакили мухолифони Хайбар-Пахтунхоҳ, гуфт, “бо зуҳури Толибон дар минтақа, мо шоҳиди чунин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳои осоишта дар тамоми минтақа гаштем. Ба як узви маҷлиси вилоят ҳамла шуд. Ӯ зинда монд, аммо чаҳор марди дигар ҷон бохтанд. Тамаъҷӯӣ, таҳдидҳои телефонӣ ва куштори ҳадафмандона ба як амри маъмулӣ табдил ёфтаст. Ҳукумати вилоят дар ин масъала хомӯш аст, вале мо мухолифон дар ҷаласаҳо аз вазъи тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят борҳо садо баланд кардем."
Баъзе аз рӯзноманигороне, ки рӯзи 14-уми сентябр ба минтақаи Вазиристони ҷанубӣ сафар доштанд, хабар доданд, ки дар баъзе аз шаҳрҳо парчамҳои сафеди Толибонро диданд, аммо нерӯҳои амниятӣ ба онҳо иҷоза надоданд, ки акс бигиранд ва ё сабт кунанд.
Аз соли 2004 то соли 2018 дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аксаран онҳоро марбути Амрико медонанд, даҳҳо чеҳраҳои шинохтаи "Ал-Қоида" ва Толибон, ки дар Вазиристон паноҳ бурда буданд, кушта шуданд.
Гуфтугӯ