Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши коршиносони СММ аз фасоду бекорӣ ва камдонишӣ дар Тоҷикистон


Коршиносони як кумитаи Созмони Милал гуфтаанд, ки ришвахориву фасоди густурда дар Тоҷикистон, бекорӣ, музди кори кам ва сатҳи пасти дониш дар мактабҳо мояи нигаронӣ аст.

Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Созмони Милал дар Женева гузориши ҳукуматро дар бораи таъмини ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар панҷ соли гузашта баррасӣ карданд.

Онҳо гуфтаанд, Тоҷикистон дар раддабандии арзёбии ришвахорӣ дар байни 198 кишвар дар мақоми 153 -ум ҷойгир аст, ки мояи нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Дар айни замон коршиносон аз талошҳои ҳукумат барои мубориза бо табъиз ва риояи ҳуқуқи коргарону таъмини амнияти онҳо дар ҷойи кор ситоиш кардаанд.

Арзёбии гузориши Тоҷикистон рӯзҳои 4 ва 5-уми октябри имсол дар шаҳри Женева сурат гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG