Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Ҳоҷӣ Фурқон то Мавлавӣ Иброҳим. Толибон 16 узви гурӯҳҳои хориҷиро дар шимол ҷобаҷо кардаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 25-уми сентябр гуфт, Толибон шонздаҳ намояндаи гурӯҳҳои хориҷиро ба 8 вилоят дар шимоли ин кишвар фиристодаанд. Дар хабарномаи Ҷабҳа омадааст, ин маълумотро як манбаи огоҳ дар ихтиёри онҳо гузошт. Бар пояи он, раҳбарони ин гурӯҳҳои даҳшатафкан нахуст ба Кобул, сипас ба Бағлону Кундуз ва Бадахшон рафтаанд. Толибон дар ин робита то кунун посухе надодаанд.

Мулоқоти пинҳонӣ бо Шабакаи Ҳаққонӣ?

Ҷабҳаи муқовимат рӯзи 25-уми сентябр бо нашри хабарнома гуфтааст, "Ҳоҷӣ Фурқон – раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, Мавлавӣ Иброҳим – масъули "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон, Шайх Зокир – масъули Ҳаракати исломии Узбекистон ва Абдулҳақ Ӯйғурӣ – масъули шохаи "Ал-Қоида" дар шимоли кишвар, рӯзи 20-уми августи соли 2022 ба Кобул омаданд ва дар ҳавлии Ҳоҷӣ Афзал (дар ихтиёри Шабакаи Ҳаққонӣ аст) се рӯзро гузаронданд."

Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимат, ин раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон, мулоқот ва тавофуқ кардаанд, ки то шаш моҳи оянда 50 дарсади ҷангҷӯёни хориҷӣ бояд дохили раванди фиристодан ба Осиёи Миёна шаванд.

Тибқи хабарҳо, Мавлавӣ Иброҳим аз сӯи Шабакаи Ҳаққонӣ масъули умумии шабакаи ҷангҷӯёни хориҷӣ таъйин шудааст, ки иртиботи бештаре бо ДОИШ дорад.

Бар пояи хабарномаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, санадҳо ва маълумоти бадастомадаи муътабар нишон медиҳад, ки қарор аст Мавлавӣ Иброҳим ба таври пинҳонӣ ба нафъи ДОИШ дар шимоли Афғонистон фаъолият кунад ва заминаи нуфузи ин гуруҳи террористиро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам намояд.

Ташвиши Тоҷикистон ва посухи Муҷоҳид

Ахиран Тоҷикистон ва Покистон аз ҳузур ва таҷаммӯи густурдаи ҷангҷӯён дар Афғонистон нигаронӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар 77-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ аз вазъияти амниятии Афғонистон нигаронӣ кард ва гуфт, ин кишвар дар ҳоли табдил шудан ба як паноҳгоҳи террористон аст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, "мо шоҳиди кори систематикӣ ҳастем, ки бар бунёди он ба шумули шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешаванд, ки ҳадафи он эҷоди бистари нави танишҳо дар наздикии марзҳои мо мебошад."

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷоза нахоҳанд дод, ки хоки Афғонистон бар зидди кишварҳои дигар истифода шавад.

Ӯ афзуд, "мо инро рад мекунем, ки Худое нахоста кадом гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҷо мегирад ва ё аз хоки Афғонистон бар зидди касе истифода хоҳад шуд. Мо ин итминонро додем. Ин нигаронии Тоҷикистон беҷост. Онҳо бояд дар ин робита фикр кунанд ва нигаронияшонро аз наздик бо мо дар миён бигузоранд."

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин Толибонро муттаҳам кард, ки хости кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба ташкили як ҳукумати фарогир нодида гирифтаанд.

Саудӣ чӣ хост ва сарвазири Покистон чӣ гуфт?

Дар ҳамин ҳол, Файсал бин Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, аз Толибон хостааст, иҷоза надиҳанд, то Афғонистон ба маркази террористҳо табдил шавад. Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, барои пешгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба маркази террористҳо, ниёз аст, то ҳамаи кишварҳо бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, низ рӯзи ҷумъа дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, онҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронанд.

Аз замоне ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" дар ҳамлае дар Кобул кушта шуд, нигарониҳо ин аст, ки Афғонистон бори дигар ба паноҳгоҳи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил хоҳад шуд.

Толибон борҳо ҷомеаи ҷаҳониро итминон додаанд, ки чунин нахоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҷаҳонӣ ҳамчунон побарҷост.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG