Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Бобозода, раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноат боздошт шудааст


Шавкат Бобозода
Шавкат Бобозода

Раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд, аммо манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, Бобозода ба қаллобии махсусан калон гумонбар аст. Наздиконаш мегӯянд, "ягон мушкилӣ нест".

Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Боздошти ӯ бар асоси шикояти як ширкати хориҷӣ сурат гирифт. Бобозода ба он гумонбар дониста мешавад, ки беш аз 300 ҳазор долларро аз ин ширкат гирифта, шартномаи қаблан ҳосилшударо иҷро накардааст," -- афзуд манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон.

Ба иттилои дарёфтӣ, Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.

Наздикони Бобозода ҳозир нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд. Яке аз пайвандони вазири пешин бе зикри номаш гуфт, "аҳволашон хуб аст, ягон гапи зиёдӣ нест, ҳамааш нағз. Дар боздошт нестанд, аз онҷо баромаданд. Дар масъалаи як корро муайян кардан чанд вақт онҷо буданд. Ҳамаашро аниқ карданд, ҳоло дар хона ҳастанд. Се рӯз пеш суҳбат кардам."

Оҷонси содироти назди ҳукумати Тоҷикистон
Оҷонси содироти назди ҳукумати Тоҷикистон

Хабарнигори Радиои Озодӣ барои таҳқиқи хабар ду дафъа ба бинои Оҷонси содироти Тоҷикистон рафт, вале роҳбари ин ниҳод Шавкат Бобозадаро дар утоқи кориаш пайдо накард. Бори аввал рӯзи 19-уми сентябр ҳамкорони Бобозода гуфтанд, ӯ "барои як кор берун рафтааст", аммо нагуфтанд, ба куҷо ва кай бармегардад. Дари утоқи кории Шавкат Бобозода маҳкам ва ба он муҳри "шуъбаи корҳои махсуси ҳукумат" задаанд.

Ёвари Бобозода ба суоли онки роҳбараш куҷост ва чаро пушти дараш муҳр гузошта шудааст, посух надод. Бори дуюм хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми сентябр ба онҷо рафт ва як масъули ин ниҳод гуфт, "Бобозода бемор аст." Ин масъул тасдиқ кард, ки роҳбарашон ду ҳафта шуд дар ҷойи кор нест.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти Шавкат Бобозода ҳанӯз фармони барканории ӯ содир нашудааст.

Шавкат Бобозода 60-сола буда, аз соли 2019 раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон аст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Бобозода аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд. Хадамоти матбуоти президент се сол пеш навишта буд, ки Бобозода "ба сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеи худ" аз вазифа барканор шуд. Ҳамзамон бо фармони президент, Шавкат Бобозода раиси Оҷонсии нави содироти Тоҷикистон таин шуда буд.

Тибқи иттилои Оҷонси зиддифасод, дар шаш моҳи имсол дар корхонаҳои буҷетӣ қариб 105 миллион сомонӣ "зарари молиявӣ" ошкор кардаанд. Мақомот мегӯянд, 707 кас барои "ҷиноятҳои коррупсионӣ" боздошт шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG