Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад, узви Шӯрои Амнияти СММ шавад


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон. Маҷамааи Умумии СММ, 24-уми сентябри 2022
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон. Маҷамааи Умумии СММ, 24-уми сентябри 2022

Тоҷикистон мехоҳад, барои узвияти муваққатӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар солҳои 2028-2029 номзадии худро пешбарӣ кунад.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр дар Маҷмааи Умумии СММ хабар дод.

Ӯ далели тасмимро ба “иштироки фаъол дар маъракаҳо ва равандҳои Созмони Милал, инчунин, таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон” рабт дод.

Маълум нест, ки оё Тоҷикистон ба ин хостааш хоҳад расид ё не. Созмонҳои байнулмилалӣ солҳои охир Тоҷикистонро барои нодида гирифтани саҳми як ҷониби сулҳ дар кишвар танқид мекунанд.

“Тоҷикистон ҷиддан муътақид аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳмгузор бошанд,” – афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Дипломати баландпояи тоҷик гуфт, бесаброна мунтазири ҳамкории зич бо ҳама кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд, “то эътимод ва дастгирии заруриро барои ин корзори басо муҳим ба даст оранд”.

Шӯрои Амният яке аз аркони Созмони Милал аст ва вазифаи посдорӣ аз амният ва сулҳи байнулмилалиро бар уҳда дорад. Ба узвияти Шӯрои Амният 15 узв, панҷ узви доимӣ ва даҳ узви муваққатӣ, шомиланд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG