Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин бозии санҷишӣ дар Дубай пирӯз шуд


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар шаҳри Дубай дар аввалин бозии санҷишӣ бошгоҳи «Малиҳа»-ро, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат меварзад, бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Идрис Ёров ду гол, Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов якголӣ заданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии навбатии санҷишии мунтахаби кишвар дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр барпо мегардад. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дертар маълум хоҳад шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябри имсол дар Кувайт доир мегардад, дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27-уми сентябр), Узбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) рақобат хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Бозии санҷишӣ

«Малиҳа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – мунтахаби Тоҷикистон – 1:4

Голҳои мунтахаби Тоҷикистон: Идрис Ёров (2), Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов.

Мунтахаби Тоҷикистон (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бекмуродов, Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гулаков, Муҳаммадҷон Шарипов, Умед Қузиев.

XS
SM
MD
LG