Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолони қарақалпоқистонӣ дар Қазоқистон


Раиса Худойбергенова
Раиса Худойбергенова

Яке аз фаъолони Қарақалпоқистон Раиса Худойбергенова дар вилояти Алматои Қазоқистон боздошт шудааст. Қаблан низ дар Алмато ду фаъоли дигари қарақалпоқистонӣ дастгир шуда буд.

Бино ба хабарҳо, Худойбергенова, ки ҳамчун табиби бемориҳои дил дар Қазоқистон кор мекард, дар коргоҳаш дастгир шудааст.

Нашрияи "Власт"-и Қазоқистон менависад, ки Худойбергенова дар "сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон" гумонбар мешавад. Зидди фаъолони дигари қарақалпоқистонӣ Жангелдӣ Жақсимбетов ва Қошқарбой Торемуратов, ки қаблан дар Алмато боздошт шуда буданд, бо чунин иттиҳом айб эълом гаштааст.

Ба иттилои “Власт”, фаъоли ҷамъияти қарақалпоқистониҳо Оқилбек Муродбой дар Алмато гуфтааст, Худойбергенова бо ӯ тамос гирифта, аз омадани қудратиҳои ба маҳалли кораш хабар додааст.

Пулиси Алмато то ҳол боздошти қарақалпоқистониҳоро шарҳ намедиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG