Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи ҷияни Нурсултон Назарбоев оғоз шуд


Кайрат Сотиболдиулӣ
Кайрат Сотиболдиулӣ

Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 16-уми сентябр баррасии парвандаи Кайрат Сотиболдиулӣ, ҷияни президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоевро оғоз кардааст.

Бино ба хабари расонаҳои Қазоқистон, Сотиболдиулӣ ба “Расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ё суистифода аз боварӣ” ва “Азхудкунӣ ё дуздидани моли каси дигар" айбдор мешавад.

Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13-уми марти имсол Кайрат Сотиболдиулиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард.

Он замон гуфта мешуд, ки Сотиболдиулии 51-сола дар "сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.

Дар хадамот гуфта буданд, ки Кайрат Сотиболдиулӣ "ба халалдор кардани амнияти давлат" низ айбдор мешавад.

Қаблан расонаҳо Кайрат Сотиболдиулиро ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сотиболдиулиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва номи онро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG