Дар чанд ҷумла
Иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup 2022" дар Тайланд
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup 2022" ("Ҷоми Шоҳ-2022") рӯзи якшанбеи 18-уми сентябр ба шаҳри Чиангмайи Тайланд расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи "King’s Cup 2022", ки аз 22-юм то 25-уми сентябр доир мегардад, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Тайланд, Малайзия, инчунин Тринидад ва Тобаго ширкат меварзанд.
Бар асоси дастури мусобиқа, рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр бозиҳои 1/2 финал баргузор мешаванд. Дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Тринидад ва Тобаго, мунтахаби Тайланд бо тими Малайзия бозӣ мекунанд.
Ғолибони нимфинал рӯзи якшанбеи 25-уми сентябр дар финал рақобат мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза хоҳанд бурд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» («Ҷоми Шоҳ-2022») дар Тайланд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистан), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон, Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Зоб Оҳан», Эрон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Боқӣ-Охунов (ҳарду аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»
Нимфинал
22 сентябр (панҷшанбе)
15:30 – Тринидад ва Тобаго – Тоҷикистон
18:30 – Тайланд – Малайзия
25 сентябр (якшанбе)
15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
18:30 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.
Зимнан, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон бо касби 7 имтиёз ғолиб гардид ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин баргузор мешуд, вале ин кишвар аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоииҶоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) маълум хоҳад шуд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор гирифтанд, роҳ пайдо карданд: Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Индонезия.
Бояд гуфт, ки қаблан тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд.
Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки тобистони соли оянда баргузор мешавад, 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.
То ҳоло Узбекистон ба ҳайси мизбон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «А»), Қатар (гурӯҳи «В»), Ҷопон (гурӯҳи «С»), Урдун (гурӯҳи «D»), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «Е»), Индонезия (гурӯҳи «F»), Умон (гурӯҳи «G»), Тоҷикистон (гурӯҳи «I»), Эрон (гурӯҳи «J») ва чаҳор дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар – Ветнам, Қирғизистон, Чин, Сурия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Номи як дастаи дигар пас аз анҷоми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «Н», ки рӯзҳои 14-18-уми октябр доир мегардад, муайян хоҳад шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бори панҷум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт. Футболбозони ҷавони тоҷик қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё иштирок карда буданд. Мусобиқа то соли 2006 ҳамчун қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон ҳар сол доир мегашт, аз соли 2008 миёни ҷавонони то 19-сола дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Нахустин бор аст, ки Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20-сола доир мегардад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар ҳамлаи Русия ба мусофирбар дар Херсон ду кас кушта шуд
Дар ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба як мусофирбар дар шаҳри Херсон ду нафар ҷон бохтааст. Ин ҳамла субҳи шанбеи 2-юми май рух додааст.
Ярослав Шанко, волии Херсон гуфтааст, яке аз кушташудаҳо корманди идораи комуналӣ ва дуввумӣ зане буд, ки шахсияташ маълум нест. Ҳамчунин ҳафт мусофир, аз ҷумла чор корманди идораи комуналӣ захмӣ шудаанд.
Мақомоти украинӣ ҳамчунин аз ҳамлаи паҳподҳои русӣ ба як баландошёна дар вилояти Херсон хабар доданд. Як марди 23 сола дар ин ҳамла осеб бардоштааст.
Ҳамчунин Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина аз ҳамлаи паҳподҳои русӣ ба маҳаллае дар Харков хабар додааст. Дар ин ҳамла шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шуданд.
Ба ҳисоби Неруҳои мудофиаи ҳавоии Украина, шаби гузашта Русия бо 163 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст, ки 142 ададаи он нобуд шуданд.
Номи беш аз 216 ҳазор низомии кушташудаи русро маълум кардаанд
Хабарнигорони бахши русиии "Би-би-си" ва "Медиазона" номи беш аз 216 ҳазор низомии Русияро маълум кардаанд, ки дар ҷанг зидди Украина кушта шудаанд.
Хабарнигорон танҳо давоми ду ҳафтаи ахир номи зиёда аз 4600 низомии кушташудаи Русияро аниқ кардаанд.
Дар таҳқиқоти журналистӣ омадааст, талафоти воқеии Русия дар ҷанг метавонад бештар аз ин бошад. Рӯзноманигорон ба хулосае омадаанд, ки ҳудуди 40 дарсад аз кушташудагон онҳое ҳастанд, ки баъди оғози ҷанг бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд. Бештари онҳо сокинони шаҳрҳои хурд ва рустоҳо будаанд.
Русия талафоти низомиёнаш дар ҷанг зидди Украинаро фош намекунад.
Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.
Трамп мегӯяд, ҷанг бо Эрон тамом шудааст
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар номае ба раҳбарони Конгресс навиштааст, ҷанг бо Эрон "ба поён расидааст".
Тибқи қонун дар Амрико, раиси ҷумҳур метавонад дар посух ба "таҳдиди зудҳангом" аз артиш истифода барад, аммо давоми 60 рӯз ё тасдиқи Конгресро гирад ё сарбозонро ба хона баргардонад.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг 40 рӯз давом кард. Барои идомаи ин ҷанг, Доналд Трамп бояд розигии Конгресро ба даст орад.
Аммо раиси ҷумҳури Амрико 1-уми май дар номааш ба қонунгузорон навиштааст, дигар ниёзе ба гирифтани розигии онҳо нест, чун ҷанг бо Эрон тамом шудааст.
Доналд Трамп навиштааст, "аз рӯзи 7 апрели 2026 миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон табодули оташ рух надодааст. Ҷанге, ки рӯзи 28 феврали оғоз шуд, ба поён расидааст".
Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҷанг ба хотири гуфтугӯ ва расидан ба як созиш ИМА оташбас эълон кард. Ҳанӯз ҳеч нишонае аз гуфтугӯ ва созиш миёни ду кишвар дида намешавад.
Ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Гузоришҳо аз ҳалокати як нафар
Дар пайи боридани борони сахт шоми 1-уми май ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, маҳаллаҳои асосии шаҳр зери об монданд ва дастикам як нафар ба ҳалокат расидааст. Мақомот дар бораи ин ҳодиса ва фавти ин сокин расман хабар надодаанд.
"Ин сокин зери девор монда, ба ҳалокат расидааст", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.
Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ дида мешавад, ки ба ғайр аз роҳҳои калон сел ба ҳавлии сокинон даромадааст.
Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст. Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд. Аз ҷумла ба таҳхонаи чандин манзил дар Душанбе об даромада, сокинон аз барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум шуданд.
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Бозгардони ду тифли тоҷики бесаробон аз Русия ба Душанбе
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки ду тифлеро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба Душанбе фиристодаанд.
Дар баёнияи сафорат омадааст, шаҳрвандони ноболиғи кишварро рӯзи 29-уми апрел ба Тоҷикистон фиристоданд.
Интиқоли кӯдакони тоҷики дар Русия бесаробонмонда дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифтааст.
Соли гузашта аз ин кишвар, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, на камтар аз 6 тифли тоҷикро, ки аз волидайн, ё парастор маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон фиристода буданд.
Соли 2024 аз Русия ба Тоҷикистон 54 тифли бесаробонмонда интиқол дода шуд.
Дар Тоҷикистон нахустин хадамоти расмии табодули криптоасъор роҳандозӣ шуд
Дар Тоҷикистон Bitcom.tj - нахустин пойгоҳи табдили пули рақамӣ ё криптоасъор ба кор шурӯъ кард.
Дар ин бора дар намояндагии ширкат хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, ин пойгоҳ хариду фурӯши криптоасъорро бар асоси қонун иҷоза медиҳад ва ин фаъолияти онҳо ба қонунгузории Тоҷикистон ҳам мутобиқат мекунад
Хадамоти табодули криптоасъор имкон медиҳад, ки шахс бо пули миллии Сомонӣ криптоасъор харида ваё чунин арзашаро бифурӯшад.
Дар ин пойгоҳ имкони муомила бо чунин навъҳои пули рақамии мисли Bitcoin, USDT ва Ethereum имконпазир мебошад.
Дар сомона гуфта шудааст, ки онҳо дафтари корие дар Душанбе доранд ва он ҷо бо забонҳои тоҷикиву русӣ хидматрасонӣ сурат мегирад. Муассиси ин хадамот - "Провайдери литсензиашудаи хизматрасониҳо дар соҳаи муомилаи активҳои рақамӣ — резиденти IT Park Душанбе" мебошад.
Ба навиштаи Бонки миллии Тоҷикистон, криптоасъор як шакли дороии рақамӣ буда, ба технологияи блокчейн асос ёфтааст. Криптоасъор дар шабакаи ғайримарказонидашуда бе иштироки мақомоти давлатӣ ё бонки марказӣ (миллӣ) сохта ва идора карда мешавад.
Русия ҳузури муваққатии ронандагони мошинҳои борбар аз Осиёи Марказиро дароз кард
Ҳукумати Русия мӯҳлати муваққатии дар қаламрави ин кишвар истодани ронандагони касбии машғули кор дар интиқолҳои байналмилалиро аз 90 ба 180 рӯз тамдид кард.
Қарор дар ин замина рӯзи 30 июн ба иҷро медарояд.
Ин қарор ба шаҳрвандони кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд ё СНГ, инчунин, шаҳрвандони Гурҷистон рабт дорад, ки ба хоки Русия бидуни виза ворид шуда, дар соҳаи интиқолҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, қоидаҳои нав ба ронандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт мегирад.
Бино ба ин санад, ронандагон ҳақ доранд дар хоки Русия дар давоми як сол дар маҷмӯъ то 180 рӯз қарор дошта бошанд. Барои ворид шудан ва як муддат дар хоки Русия истодани онҳо бояд ариза дода шавад.
Мақомот мегӯянд, ки қарори мазкур барои коҳиши маҳдудиятҳои маъмурӣ, халал нарасонидан ба интиқоли борҳо ва содда кардани корҳои ташкилӣ дар ин соҳа равона шудааст.
Интиқолҳои байналмилалӣ муҳимтарин шабакаи таъминони бору маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли машрубот кам шудааст
Истеҳсоли арақ ва маҳсулоти дигари алкоҳолӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 дар муқоиса бо соли 2025 беш аз 17 дарсад кам шудааст.
Дар ин бора бо такя ба Оҷонси омор хабаргузории русии Интерфакс хабар додааст. Хабар мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 9,3 ҳазор декалитр машрубот истеҳсол шудааст ва ин 19 ҳазор литр камтар назар ба соли гузашта будааст.
Як далелашро дар камтар шудани талабот дар ин ҷумҳурии асосан мусалмоннишин арзёбӣ карда мегӯянд, ки ин ба як тамоюл табдил шудааст.
Сабаби дигараш дар тағйирот дар соҳаи истеҳсоли машрубот дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Иди Қурбон имсол 27 май фаро мерасад
Муфтии Тоҷикистон санаи эҳтимолии фарорасии Иди Қурбонро эълон кардааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "тибқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди Қурбон ба 27-уми май рост меояд".
Ба гуфтаи муфтии кишвар, ин сана ҳанӯз ниҳоӣ нест ва Шӯрои уламо як ҳафта қабл аз фарорасии ид, рӯзи Иди Қурбонро эълон мекунад.
Мутобиқи таълимоти дини Ислом, иди Қурбон ҳамасола санаи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷри қамарӣ фаро мерасад.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.
Оҷонсӣ: ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон камтар шудааст
Оҷонсии омори Тоҷикистон аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 6336 ҷиноят сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад камтар мебошад.
Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, имсол куштор ва сӯиқасд ба он 51 дарсад, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18, дуздӣ қариб 4 дарсад, қаллобӣ 4,5 ва авбошӣ 3 дарсад коҳиш ёфтаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ низ 3,7 дарсад камтар сабт шудааст.
Аммо дар моҳҳои январ-марти имсол ғоратгарӣ 26 дарсад, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36 ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5 дарсад зиёд шудааст.
Мақомоти қудратӣ ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабабҳои кам шудани содиршавии баъзе ҷиноятҳо чист.
"Ба таҳхона ва ҳавлиҳо об даромад". Оқибати борони сахт дар Душанбе
Дар пайи боридани борони сел ва жолаи сахт, ба таҳхонаи чанд бино дар шаҳри Душанбе об даромадааст ва корҳои бартарафсозӣ идома доранд. Дар ин бора аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе 1-уми май ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Манбаъ гуфт, дар ҳодисаи рӯзи гузашта ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот мегӯянд, зарари расида аз ин офати табииро ҳисоб доранд.
Баъзе аз сокинон, махсусан аз ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки таҳхонаи бинои зист ва ҳавлиашон зери об мондааст.
Рӯзи 30-юми апрел борони сел ва жолаи сахт зиндагиву ҳаракати мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро мушкил кард. Баъзе аз роҳҳо, аз ҷумла роҳҳо дар ноҳияи Сино зери об монданд ва ҳаракати нақлиёт як муддат дар онҳо номумкин шуд. Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои зери об мондаро ҳам дидан мумкин аст.
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Трамп гуфт, теъдоди сарбозони Амрикоро дар Олмон кам мекунанд
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико коҳиши нерӯҳои низомиаш дар Олмонро баррасӣ дорад.
Доналд Трамп, президенти ИМА дар шабакаи Truth Social навиштааст, ки "дар ояндаи наздик бояд тасмим гирифта шавад".
Пеш аз ин, президенти Амрико Фридирх Мертс, садри аъзами Олмонро барои назараш дар мавриди ҷанги ИМА бо Эрон танқид карда буд.
Садри аъзами Олмон гуфта буд, ки зоҳиран ИМА ҳеч нақшаи дақиқе барои ҷанг дар Эрон надошт.
Олмон ва ИМА кишварҳои муҳими узви созмони низомии НАТО ҳастанд.
ИМА дар пойгоҳи низомиаш дар Олмон 39 ҳазор низомӣ дорад.
Маълум нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо кам хоҳанд шуд.
Маъмурияти Трамп борҳо гуфтаанд, ки ҳузурашон дар созмони низомии НАТО-ро бозбинӣ хоҳанд кард.
Борону жола ҳаракати нақлиёт ва зиндагӣ дар Душанберо сахт кард
Борони сел ва жолаи сахт имрӯз, 30-юми апрел, зиндагиву ҳаракати мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро мушкил кард.
Дар видеоҳо аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр дида мешавад, ки баъзе аз роҳҳо зери об мондаанд ва ҳаракати нақлиёт дар онҳо номумкин шудааст. Дар дигар видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои зери об мондаро ҳам дидан мумкин аст.
Мақомот барои боз кардани ҷӯйҳои обгузари шаҳр, мошин ва дигар нақлиётро сафарбар кардаанд, вале зоҳиран имкони рафъи паёмадҳои селобро надоранд.
Наворро инҷо бинед:
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки аз имрӯз то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст. Ҳар сол дар натиҷаи селу обхезӣ ва тармаву дигар офатҳо мардум даҳҳо миллион доллар зиён мебинанд. Ҳолатҳои талафоти ҷонӣ ҳам дида мешавад.
Суҳбати Трамп ва Путин дар бораи Украина ва Эрон
Роҳбарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия рӯзи 29-уми апрел телефонӣ гап задаанд. Суҳбат якуним соат давом кардааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дар суҳбат бо Путин вазъи Украина ва Эронро баҳс кардаанд.
Ба гуфтаи Трамп, ӯ ба Путин оташбаси кутоҳмуддат дар Украина пешниҳод кард ва умедвор аст, ки Маскав инро қабул мекунад.
Дар ҳамин ҳол Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба расонаҳо гуфтааст, Путин ба Трамп пешниҳод дод, ки ба муносибаи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Украина оташбас ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи Ушаков, президенти Амрико ин пешниҳоди Путинро дастгирӣ кардааст.
Муҳлати ин оташбас маълум нест ва мақомоти украинӣ ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд. Дар Аврупо Рӯзи Ғалаба 8 ва дар Русия 9 май таҷлил мешавад.
Тошиев ба "кӯшиши ғасби қудрат" ва "сӯиистифода аз мақом" муттаҳам шуд
Қамчибек Ташиев, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба "кӯшиши ғасби қудрат" ва "сӯиистифода аз мақом" муттаҳам мешавад. Дар ин бора адвокат Икромидин Тошиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.
Бархеҳо оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тошиевро ба номаи 75 чеҳраи маъруф рабт медиҳанд, ки хостори баргузории интихоби қаблазмуҳлати президентӣ шуда буданд.
Рӯзи 29-уми апрел худи Қамчибек Тошиев дар муроҷиатномае тасдиқ кард, ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тошиев дар ин муроҷиат ба бегуноҳии худ таъкид карда гуфтааст, ба адолати додгоҳӣ бовар дорад.
Пештар хабар расида буд, ки рӯзи 28-уми апрел Қамчибек Тошиев, раҳбари собиқи КДАМ, Нурлан Тургунбек, раиси собиқи порлумон ва Курманқул Зулушев, собиқ Додситони кулли Қирғизистон аз ҷониби муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ бозпурсӣ шудаанд.
Дар бораи иттиҳоми раиси собиқи порлумон ва додситони пешини Қирғизистон хабари расмӣ дар даст нест. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфтааст.
Қамчибек Тошиев аз чеҳраи таъсиргузор дар Қирғизистон ва дӯсти наздики Содир Ҷабборов, президенти ин кишвар буд, моҳи феврали имсол аз мақомаш барканор шуд.