Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошиев неруҳои вижаи Тоҷикистонро ба ширкат дар муноқишаи марзӣ муттаҳам кард


Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба вилояти Бодканд рафтааст, ки бо шаҳри Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Мақомоти маҳаллии Бодканд гуфтанд, Тошиев айни замон бо мақомоти интизомии Қирғизистон ҷаласаи пӯшида мегузаронад.

Пештар аз ин Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки як рӯз пеш дар даргириҳои марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон "неруҳои таъйиноти махсуси Тоҷикистон иштирок кардааст".

"Мо дидем, ки аз ҷониби Тоҷикистон неруҳои таъйиноти махсус омода шудаанд. Неруҳои марзбонии мо диданд, ки одамон бо либоси сиёҳ сӯи онҳо тир кушодаанд. Эҳтимол онҳо ҳанӯз дар бархе минтақаҳо пинҳон шудаанд. Мо касеро аз як метр наздиктар шудан ба марзи худ намегузорем ва амнияти худро муҳофизат мекунем", - гуфт Тошиев.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба изҳороти Қамчибек Тошиев посух надодааст. Аммо субҳи 14-уми сентябр Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, сарҳадбонони қирғиз ба тарафи дидбонгоҳи Кех "бе ягон сабаб" оташ кушоданд.

Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 14-уми сентябр ду марзбони тоҷик кушта ва 11 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти қирғиз аз захмӣ шудани ду марзбон ва ду сокини мулкӣ хабар доданд.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ аз маҳаллаи Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи зарбаи дрон ва ё ҳавопаймои бесарнишини неруҳои Қирғизистон, аз ҷумла чаҳор нафар дар деҳаи Хелисони ҷамоати Чоркуҳи Исфара захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG