Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони кушташударо дар Восеъ ба хок месупоранд 


Сафаралии Ҳасан 23 дошт
Сафаралии Ҳасан 23 дошт

Ҷасади Сафаралии Ҳасан, марзбони кушташудаи тоҷикро ба зодгоҳаш ноҳияи Восеъ оварданд. Сафаралӣ рӯзи 14-уми сентябр дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон кушта шуд.

Наздиконаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23 сол дошт ва тирамоҳи соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. То анҷоми муҳлати хизмати ин марзбон, ду ҳафтаи дигар монда буд.

Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Сафаралиро имрӯз дар оромгоҳи шаҳраки Восеъ ба хок месупоранд.

Дар ҷараёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 14-уми сентябр ду марзбони тоҷик кушта ва 11 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар миёни маҷруҳон 6 марзбон ва 5 сокини маҳаллаҳои наздимарзӣ ҳастанд. Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки аз тири марзбонони тоҷик чаҳор нафар, аз ҷумла ду сарҳадбон ва ду ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Муноқиша субҳи 14-уми сентябр дар назди дидбонгоҳи сарҳадии Кехи ноҳияи Исфара шуруъ шуд ва ба дигар гӯшаҳои марз гузашт. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шаби гузашта дар сӯҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид “ва вазъ ором буда, ҳолати қаблӣ баргаштааст.Ба гуфтаи Аҳмадзода, қувваҳои иловагӣ аз минтақаи марзӣ бароварда шудаанд.

Тибқи хабарҳои ахир, шаби гузашта вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором буд, аммо сокинон аз дубора сар задани муноқиша нигаронӣ доранд.

Аз 970 километр марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тақрибан нисфи он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар солҳои ахир байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ борҳо муноқиша сар задааст ва аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG