Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоҳир Расулзода аз Арманистону Озарбойҷон хост, ҷангро бас кунанд


Қоҳир Расулзода шоми 13-уми сентябр дар нишасти онлайнии шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ суҳбат кардааст.
Қоҳир Расулзода шоми 13-уми сентябр дар нишасти онлайнии шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ суҳбат кардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷанг байни Арманистону Озарбойҷон изҳори нигаронӣ карда ва аз ҳарду хостааст, муноқишаро ҳарчӣ зудтар ва аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 14-уми сентябр гуфт, ки нахуствазир Қоҳир Расулзода, дар шоми 13-уми сентябр дар нишасти онлайнии шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ суҳбат кардааст.

Ӯ гуфтааст: “Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд”. Дар натиҷаи муноқишае, ки рӯзи 13-уми сентябр байни неруҳои Озарбойҷон ва Арманистон бархост, камаш 100 нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд.

Даргириҳо дар рӯзи 13-уми сентябр пас аз ҷанги шашҳафтаина байни Арманистон ва Озарбойҷон барои Вилояти Куҳистони Қаробоғ дар соли 2020 маргбортарин муноқиша ду тараф аст. Амрикову Русия, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз раҳбарони Арманистону Озарбойҷон хостанд, билофосила ҷангро бас кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG