Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Русия пули хонаҳои Гулнора Каримоваро баробар тақсим мекунанд


Гулнора Каримова, як замон вориси падараш, раиси ҷумҳури Узбекистон Ислом Каримов дониста мешуд.
Гулнора Каримова, як замон вориси падараш, раиси ҷумҳури Узбекистон Ислом Каримов дониста мешуд.

Додгоҳи шаҳри Маскав 6 хонаи Гулнора Каримова, духтари зиндонии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистонро мусодира кардааст. Музраф Икромов, муовини вазири адлияи Узбекистон рӯзи 13 уми сентябр гуфт, пуле, ки аз ҳисоби фурӯши хонаҳо дар шаҳри Маскав ба даст меояд, баробар байни ду кишвар тақсим мешавад.

Аз ин пеш дар моҳи феврал вазорати адлияи Узбекистон гуфт, ки барои бозгардонидани дороиҳое, ки Гулнора Каримова “бо фаъолиятҳои ҷиноӣ ба даст овардааст”, бо мақомоти Русия, Швейтсария, Амрико ва Фаронса ва дигар кишварҳо кор мекунад.

Дар он замон вазорат гуфт, ки Гулнора Каримова дар ҳисобҳояш дар бонкҳои Русия 6 миллион доллар дорад ва соҳиби як ҳавлии боҳашамат, истироҳатгоҳ ва 6 хонаи дигар дар шаҳри Маскав аст. Бар иловаи ин ба гуфтаи вазорати адлияи Узбекистон, Гулнора Каримова дар нимҷазираи Қрими Украина, ки Русия ба қаламраваш ҳамроҳ кард, як меҳмонхона, ҳавлӣ ва як порча замин доштааст.

Моҳи гузашта Узбекистон ва Швейтсария ба созиш расиданд, ки мақомоти Швейтсария 131 миллион доллар аз дороиҳоеро, ки зимни тафтиши парвандаи ҷиноии Гулнора Каримова мусодира шуд, ба Узбекистон бармегардонанд.

Швейтсария соли 2012 тақрибан 800 миллион франк ва ё 842 миллион доллар аз дороиҳои Гулнора Каримова, тоҷир ва овозхони шинохта дар Узбекистонро барои моликонаш дастнорас кард. Он замон робитаҳои Гулнора бо падараш Ислом Каримов, ки ҳануз ҳам ҳукумат мекард, бад шуд. Айни замон духтари раиси ҷумҳури собиқ бо гуноҳи аз худ кардани пули давлат ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ дар зиндон аст. Баъди ба зиндон андохтани Гулнора Каримова, Тошканд саъй дошт, 1 миллиард доллар аз дороиҳои ӯро аз хориҷ ба кишвар баргардонад.

Музраф Икромов рӯзи 13 уми сентябр гуфт, сарвату пулу дороиҳое, ки Гулнора Каримова дар Швейтсария дорад ва Узбекистон мехоҳад, бозпас бигирад, тақрибан 686 миллион долларро ташкил медиҳад.

Гулнора Каримоваро, ки як замон вориси эҳтимолии падараш дониста мешуд, соли 2014 дар Тошканд ба ҳабси хонагӣ гирифтанд ва дар замоне, ки Ислом Каримов ҳануз ҳукумат мекард. Каримов соли 2016 даргузашт ва ба ҷойи ӯ Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳур шуд. Муфаттишон дар Швейстария, Амрико, Шветсия ва Ҳолланд мегуфтанд, ки Гулнора Каримова солҳои дароз ва аз роҳҳои печида аз ширкатҳои мухобиротии хориҷӣ ва барои роҳ додани онҳо ба Узбекистон ришва мегирифтааст.

Соли 2010 Гулнора Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, вале баъдан онро ба 5 соли ҳабси хонагӣ иваз карданд. Моҳи марти соли 2019 ӯро дигарбора бо иттиҳоми риоят накардани қоидаҳои ҳабси хонагӣ дастгир карданд.

Моҳи феврали соли 2020 Каримова ба Мирзиёев номае фиристода пешниҳод кард, ки дар сурати лағви парвандаи ҷиноӣ ба зидди ӯ 686 миллион долларо бармегардонад, вале баъди як моҳ ӯро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ, пулшӯӣ ва ҷиноятҳои дигар ба 13 соли изофии зиндон маҳкум карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG