Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова 49-солагиашро дар зиндон таҷлил мекунад


Гулнора Каримова

Рӯзи 8-уми июл гуруҳе аз фаъолони узбек аз ҳукумати Швейтсария даъват карданд, ки шаффофияти истифодаи дороиҳои ба Узбекистон баргардонидаи Гулнора Каримоваро таъмин кунад. Муроҷиати фаъолони узбек рӯзи 9-уми июл дар сомонаи Uzbekforum.org нашр шуд.

Муаллифон аз сарнавишти Тафоҳумномаи ҳамдигарфаҳмие нигаронанд, ки миёни Узбекистон ва Швейтсария рӯзи 11-уми сентябри соли 2020 имзо шуда буд.

Швейтсария замонат додааст, ки шаффофияти истифодаи дороиҳои аз рози ғайриқонунӣ ба даст овардаи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримоваро таъмин мекунад.

Аммо муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, ҳукумати Узбекистон ва ҳукумати Швейтсария ҳисобот намедиҳанд, ки он дороиҳо дар чӣ бахше истифода шудаанд. Бар асоси тафоҳуномае, ки 11-уми сентябри соли 2020 имзо шуд, аз Швейтсария ба Узбекистон 131 миллион доллари Гулнора Каримоваро баргардониданд.

Пештар аз ин мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки барои баргардонии 1,3 миллиард доллари дигари Каримова бо мақомоти Швейтсария, ИМА, Фаронса, Русия ва кишварҳои дигар гуфтугӯ доранд.

Моҳи майи соли гузашта Фаронса 10 миллион доллари дороиҳои Каримоваро ба Узбекистон баргардонид.

Муроҷиати фаъолони узбек дар ҳолест, ки Гулнора Каримова 49-солагиашро дар зиндони наздики шаҳри Тошканди Узбекистон таҷлил мекунад.

Моҳи марти соли ҷорӣ Гулнора Каримова дар бораи шиканҷа шуданаш дар зиндон хабар дод.

Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова аз шаҳри Лондони Бритониё барои дидор бо модараш ба Тошканд омад. Аммо ба модару духтари иҷозаи дидор надоданд.

Айни замон Каримова ҳукми 13 солу 4 моҳи зиндонро адо мекунад.

Додгоҳ Гулнора Каримоваро дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ тавассути азхудсозӣ ва исрофкорӣ айбдор шудааст.

XS
SM
MD
LG