Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои Гулнора Каримоваро ба Узбекистон бармегардонанд


Гулнора Каримова.
Гулнора Каримова.

Мақомоти Узбекистон ва Швейтсария 16 август дар шаҳри Берн дар робита ба баргардонидани дороиҳои ғайриқонуние, ки ҳабс шудаанд, созишномаеро имзо карданд.

"Имзои созишнома баргардонидани фаврии 131 миллион доллари мардуми Узбекистонро, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба раҳбарии Гулнора Каримова ғайриқонунӣ ба Швейтсария интиқол додаанд, пешбинӣ мекунад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Узбекистон.

Ба иттилои манбаъ, шарти асосии баргардонидани дороиҳои ғайриқонунии ҳабсшуда шаффофият, аз ҷумла иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди сарфи пулҳо ба нафъи мардум, истифодаи ниҳоии маблағҳои баргардонидашуда дар соҳаи иҷтимоӣ, барои маориф ва тандурустӣ гуфта шудааст.

Қаблан Додгоҳи федеролии Швейтсария даъвои вакилони мудофиаи Гулнора Каримоваро дар робита ба фасодкорӣ қисман қонеъ карда буд, ки барои баргардонии 293 млн франк (303 млн доллар)-и ҳабсшуда метавонист замина гузорад.

Додситонҳои Швейтсария аз соли 2012 то кунун ҷанҷоли фасодолудеро нисбати Гулнора Каримова ва ширкатҳои мобилӣ таҳқиқ доранд, ки гӯё барои ворид шудан ба бозори Узбекистон ба Гулнора пора додаанд. Гулнора Каримова дар фасодкорӣ ва пулшӯии бештар аз 865 млн доллар айбдор мешавад, ки ҳамчун пора аз се ширкати мобилӣ - МТС, VimpelCom ва TeliaSonera гирифтааст.

Гулнора Каримова соли 2015 нахуст ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Моҳи марти соли 2020 ӯро 13 солу чаҳор моҳи дигар "бо айби ғорати маблағҳои буҷа ва бастани созишномаҳои хилофи манфиатҳои Узбекистон, инчунин бо роҳи тамаъҷӯӣ аз худ кардани молу мулки ғайр" зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG