Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, дар ҷараёни даргириҳо бо неруҳои арманитабор дар рӯзи гузашта 50 сарбозашро талаф додааст. Пеш аз ин Арманистон гуфт, ки дар ин ҷанг камаш 49 сарбози кишвар кушта шудаанд.
Даргириҳо дар рӯзи 13-уми сентябр пас аз ҷанги шашҳафтаина байни Арманистон ва Озарбойҷон барои Вилояти Куҳистони Қаробоғ дар соли 2020 маргбортарин муноқиша ду тараф аст. Вазорати дифои Озарбойҷон бо ишора ба даргириҳо дар марз дар рӯзи 13-уми сентябр гуфт: “Дар натиҷаи иғвои васеъмиқёси Арманистон 50 сарбози озарӣ кушта шуданд.”
Русия гуфт, ки бо миёнҷигарӣ ду тарафро ба созиши оташбас мойил кардааст, аммо Озарбойҷон арманитаборонро ба зери по кардани созиш муттаҳам кард. Дар баёнияи артиши Озарбойҷон омадааст, “бо вуҷуди эълони оташбас аз соати 9, Арманистон бо истифода аз тӯпхона ва дигар аслиҳаи вазнин дар марз созишро помол мекунад.”
Арам Торосиён, сухангӯи вазорати дифои Арманистон иттиҳомотро рад кард ва онро “дурӯғи ошкор” номид. Ба гуфтаи ӯ, неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, оташборони мавзеъҳои арманитаборон, маҳаллаҳо ва зербунёдҳоро “барои як дақиқа ҳам қатъ накардаанд.”
Айни замон ба гуфтаи ӯ, тирандозӣ дар баъзе самтҳо ба таври чашмгир кам шудааст. Аз ин пештар вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, неруҳои кишвар ба “иғвои” арманиҳо ҷавоб додаанд ва иддаоҳо дар бораи ҳадаф гирифтани зербунёдҳоро рад кард.
Дар баёнияи вазорат омадааст: “Неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, чораҳои маҳдуд ва ҳадафмандона андешида, мавқеъҳои тирандозии арманиҳоро хунсо мекунанд.”
Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷии Озарбойҷон бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар бораи даргириҳо телефонӣ суҳбат кардаааст. Лавров ба парҳез аз ҷанг дар минтақа ва иҷрои комили эъломияи раҳбарони Озарбойҷону Арманистон ва Русия дар бораи хатми даргириҳо дар соли 2020 таъкид кардааст.
Арманистон барои ҳалли муноқиша ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон муроҷиат кард ва баъди онки нахуствазир Никол Пашиниён, гуфт, ки Озарбойҷон шаби гузашта ба мавқеъҳои Арманистон ҳамла кардааст ва ҷанг идома дорад. Пашиниён дар порлумон гуфт: “То кунун 49 сарбоз кушта шуд ва мутаасифона ин рақами ниҳоӣ нест.”
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, бо Пашиниён ва ҳам Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон телефонӣ суҳбат кардааст. Сухангӯи вазорат гуфт, Вашингтон барои “қатъи фаврии ҷанг ва ёфтани роҳи сулҳ” байни ду ҳамсоя талош хоҳад кард.
Блинкен гуфт, ки ба Алиев ва Пашиниён изҳор доштааст, ки муноқиша “ба нафъи ҳеч касе нест” аз онҳо хостааст, “ҳар кори мумкинро барои қатъи ҷанг ва бозгашт барои гуфтугу дар бораи сулҳи пойдор анҷом диҳанд”.
Ба гуфтаи Блинкен, дар бораи нақши Маскав дар ҷараёни сулҳ ҳамеша “нигаронӣ вуҷуд дошт”, вале ба қавли ӯ “агар Русия бо истифода аз нуфузашро вазъро ором кунад, пас кори мусбате хоҳад буд.”
Арманистон пештар гуфт, ки барои кумак ба Маскав, Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, муроҷиат мекунад.
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал аз Арманистону Озарбойҷон хост, билофосила шиддати авзоъро фӯру нишонда, “ба ҳадди аксар хештандорӣ нишон диҳанд ва мушкилоти боқимондаро аз роҳи муколама ва чаҳорчӯбаҳои мавҷуд ҳал кунанд.”
Дафтари Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, ки масъалаи даргириҳоро дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал матраҳ мекунад. Ҳукумати Русия рӯзи 13 уми сентябр гуфт, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳамаи корро мекунад, то даргириҳо фӯру нишинанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Президент тамоми кӯшишро мекунад, то дар коҳиши танишҳо дар марз мусоидат намояд. Ин талошҳо идома доранд.” Туркия, шарики суннатии Озарбойҷон, Арманистонро ба оғози даргириҳо муттаҳам кард ва гуфт, Ереван бояд “иғвогарӣ ба зидди Бокуро бас кунад.”
Мавлуд Човушоғлу вазири умури хориҷии Туркия пас аз гуфтугуи телефонӣ бо Ҷайҳун Байрамов, ҳамтои озарии худ дар Твиттер навишт: “Арманистон бояд иғвогариҳояшро бас кунад ва ба музокироти сулҳ ва ҳамкорӣ бо Озарбойҷон тамаркуз намояд.”
Гуфтугӯ